Вазири тандурустии Қирғизистон гирифтори COVID шуд: қарантина дар утоқи корӣ

© Sputnik / Жоомарт УраимовМинистр здравоохранения и социального развития Алымкадыр Бейшеналиев. Архивное фото
Министр здравоохранения и социального развития Алымкадыр Бейшеналиев. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Охири моҳи апрел вазир аввалин шуда, ваксина чинии "Синофарм"- ро гирифт. Вай он замон иқрор кард, ки қаблан COVID надошт.
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Вазири тандурустӣ ва рушди иҷтимоии Қирғизистон Алимқодир Бейшеналиев гирифтори коронавирус шуд.
Дар мусоҳиба бо Sputnik Қирғизистон ӯ гуфтааст, ки дарди сар, таб ва хунукӣ як рӯз қабл пайдо шуд. Дар айни замон, ҳисси бӯй ва мазза бетағйир монд. Бейшеналиев қайд кардааст, ки дарди сар рӯзи гузашта дубора оғоз ёфт, табларза баргашт.
"Дарҳол фаҳмидам ва аз санҷиш гузаштам. Тестам мусбат баромад. Дар утоқи кориам қарантин шудаам ва рӯзи дуввум аст, ки берун намебароям. Корҳоро ба таври фосилавӣ анҷом медиҳам", - гуфтааст вазир.
Ӯ гуфтааст, ки рӯзи сеюм аст, аконит менӯшад, беҳтар шудааст ва дигар доруҳоро истифода намебарад.
"Ғизоро дар паси дар мегузоранд, мегирам. Бояд як-ду рӯз пас ба по хезам, зеро вазъи кишвар чунин аст, ман набояд дар бистари беморӣ бихобам", - гуфтааст вазири қирғиз.
Лечение коронавируса в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
"Делта" - навъи ҳиндии коронавирус ба Ӯзбекистон расид
Рӯзи 16 апрел роҳбари Вазорати тандурустии Қирғизистон дар бораи гиёҳи табобатии аконит гуфту оби решаи онро дар пахши мустақим нӯшид. Вай гуфт, ки дар чанд бемористон аллакай беморон бо ин табобат мегиранд.
Аммо, Бейшеналиев иқрор кард, ки дору аз озмоишҳои клиникӣ мегузарад ва то ҳол ба қайд гирифта нашудааст. Пас аз он мардум ба самаранокии доруи нав шубҳаҳои зиёд изҳор карданд ва гуфтанд, аконит, ки аз он сохта мешавад, гиёҳи заҳролуд аст.
Дар аввали моҳи июн Бейшеналиев дар парлумон эълом дошт, ки озмоишҳои клиникӣ ба анҷом расиданд, ӯ интизори андешаи олимон аст.
Аммо 29 апрел, вақте ки ваксиназанӣ дар Қирғизистон оғоз ёфт, вазир аввалин шуда, ваксинаи чинии "Синофарм" - ро низ гирифт. Пеш аз он, ӯ иқрор кард, ки гирифтори COVID - 19 нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала