Бонки миллӣ иҷозатномаи “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон”-ро бозхонд кард

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” бозхонд кардааст
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, Раёсати ин ниҳод қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбаршударо тибқи дархости ҶСП "Бонки фаръии Покистон дар Тоҷикистон" қабул кардааст.
Гуфта мешавад, ки қарори мазкур дар асоси қарори Шӯрои нозирони Бонки миллии Покистон аз 21 феврали соли 2020 тибқи стратегияи тиҷоратӣ барои амалиёти байналмилалӣ қабул шудааст, ки дар стратегияи номбурда хотима додани фаъолияти Бонки миллии Покистон дар бозорҳои молиявии Туркманистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Афғонистон ва Тоҷикистон қарор дода шудааст.
Национальный банк Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2021
Бонки миллӣ "Агроинвестбонк" ва "Тоҷиксодиротбонк"-ро барҳам дод
Аз ин рӯ, Иҷозатномаи ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” барои анҷомдиҳии фаъолияти бонкӣ аз 20 марти соли 2012, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 09 марти соли 2012, №59 дода шудааст, бозхонд карда шуда аз эътибор соқит дониста мешавад, иттилоъ додааст БМТ.
Мақомоти ваколатдори ҶСП “Бонки фаръии БМП Покистон дар Тоҷикистон” вазифадор карда шудаанд, ки комиссияи барҳамдиҳӣ таъсис дода, расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони Бонкро бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала