Ширкати хонандагони тоҷик дар чорабинии сол - "Алые паруса" дар Санкт - Петербург

© Foto Пресс-служба Межпарламентской Ассамблеи СНГ"Алые паруса" в Санкт-Петербурге
Алые паруса в Санкт-Петербурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Мактаббачагони Тоҷикистон дар доираи форуми "Кӯдакони Иттиҳод" (Дети Содружество) тавонистанд дар барномаи "Алые паруса" -и Санкт-Петербург ширкат кунанд
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Шаби 26 июн дар Санкт-Петербург иди хатмкунандагон бо номи "Алые паруса" (Бодҳои сурх) баргузор шуд.
Тавре хадамоти матбуоти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ қайд кард, имсол дар намоиш тақрибан 40 ҳазор нафар хатмкунандагон ширкат варзиданд.
Ҳамсолони онҳо аз Белорус, Молдова, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар Санкт-Петербург дар доираи ҳамоиши "Кӯдакони Иттиҳод" ҳузур доранд, низ имкони дидани ҷашни рангинро пайдо карданд.
Барои хатмкунандагон дар Нева консерт ва намоиши театрӣ ташкил карда шуд, ки дар он санаҳои муҳими таърихии соли 2021 намоиш дода шуд: 800-солагии зодрӯзи Александр Невский, 60-солагии парвози аввалини инсон ба кайҳон ва 30-солагии парчами Русия.
Чун ҳамешагӣ, муҳимтарин намоиши ид дар рӯи Нева пайдо шудани киштӣ бо бодбонҳои сурх ва оташбозии бузургҳаҷм буд.
"Алые паруса" - 2020: оташбозӣ дар рӯи об ҳамаро шигифтзада кард - видео
Ҷашни хамткунандагони мактаб "Алые паруса" бори аввал барои мактаббачагони Ленинград соли 1968 ташкил шуда буд.
Дар даврони пасошӯравӣ ин анъана дар соли 2005 аз сар гирифта шуд. Лоиҳаи бузурги мултимедия борҳо ба рӯйхати намоишҳои зеботарин дар Аврупо шомил шудааст.
Қаблан, иштирокчиёни Форуми "Кӯдакони Иттиҳод" аз қаср ва боғи маъруфи ҷаҳонӣ "Петергоф" ва қалъаи Кронштадт дидан карда, инчунин дар бораи фарҳанги кишварҳояшон сӯҳбат карданд.
Форуми байналмилалии фарҳангӣ ва маърифатии "Кӯдакони Иттиҳод", ки бо ибтикори Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон ташкил шудааст, бори аввал дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Чорабиниро Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи ИДМ ва маъмурияти шаҳр ташкил кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала