Муҳоҷирон муваззаф мешаванд, ки дар Русия "некхоҳ" бошанд

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСтроительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Обуна шудан
НовостиTelegram
"Тафоҳумномаи ҳусни ният" ба вуруд ва буду боши муҳоҷирон дар Русия дахл хоҳад дошт
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Шаҳрвандони хориҷӣ муваззаф мешаванд, ки зимни вуруд ба Русия, "тафоҳумномаи ҳусни ният" - ро имзо кунанд, хабар медиҳад ТАСС бо такя ба хадамоти матбуотии ВКД Русия.
Ин талабот, дар доираи тарҳи нави қавонони муҳоҷират роҳандозӣ мешавад. Он ба вуруд ва кори муҳоҷирон дар Русия дахл хоҳад дошт.

"Ин созишнома бояд ҳамчун чораи маъмурии дорои хусусияти пешгирикунанда бо мақсади огоҳ кардани шаҳрванди хориҷӣ дар бораи қоидаҳои вуруд ба Федератсияи Русия, хуруҷ ва будубош истифода шавад", - омадааст дар шарҳи созишнома.

Тавре ВКД Русия шарҳ медиҳад, муҳоҷир ҳангоми имзои санад огоҳии худро дар бораи маҳдудиятҳои муқарраршуда, инчунин оқибатҳои риоя накардани онҳо тасдиқ мекунад.
Муҳоҷир ҳамчунин "ваъда" медиҳад, ки ба Русия зарар намерасонад.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Дар баробари ин, "тафоҳумномаи ҳусни ният" ӯҳдадориро оид ба пардохти хароҷот дар сурати ихроҷи эҳтимолӣ, пешбинӣ мекунад.
Ин санадро муҳоҷирон бояд ҳангоми муроҷиат барои раводиди ворид шудан ба Русия, имзо кунанд.
Қайд мешавад, ки лоиҳаи қонуни нави федералӣ мутобиқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷирати Русия то соли 2025 таҳия мешавад.
Лентаи хабарҳо
0