Зебо ва ҷаззоб: рақси духтарони рус дар Душанбе - видео

Дар Душанбе ба муносибати ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон, консерт баргузор шуд
Дар Тоҷикистон ҳамасола Рӯзҳои фарҳанги Русия дар баргузор мешавад. Ин дафъа чорабиниҳо то 28 июн идома мекунад.
Бахшида ба ин рӯйдоди муҳим ҳунармандони Театри давлатии академии рақсии "Гжел" -и Маскав дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Айнии шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ карданд.
Духтарони рус бо чакан: 13 акс аз консерти ҳунармандони Русия дар Душанбе
Барномаи фарҳангиро муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён ва сафири Федератсияи Русия дар ҷумҳурӣ Игор Лякин-Фролов расман оғоз намуданд.
54 ҳунарманд аз Русия дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ карданд ва барномаи рақсӣ пешкаш карданд.
Маросими пӯшидашавии Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар доираи намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар боғи ботаникии "Боғи Ирам" баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала