Сиёсатшинос: Ҳамлаи сеҳафтаинаи Толибон дар шимоли Афғонистон поён ёфт

© AP / Allauddin KhanЧлены террористического движения "Талибан" в Афганистане
Члены террористического движения Талибан в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Обуна шудан
Мутахассиси Афғонистон натиҷаҳои ҳамлаи Толибонро дар шимоли кишвар ҷамъбаст ва хулосабаброрӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Роҳбари маркази омӯзиши сиёсати Афғонистон Андрей Серенко иброз дошт, ки ҳамлаи ҷасуронаи Толибон ба вилоятҳои шимолии Афғонистон ба чӣ оварда расонд. Вай дар канали Telegram-и худ дар бораи вазъи кунунии кишвар панҷ хулоса баровардааст.
Пеш аз ҳама, сиёсатшинос ба хулосае омад, ки ҳамлаи сеҳафтаинаи Толибон * дар шимоли Афғонистон аз тамом шуд. Ба гуфтаи коршинос, давраи гузариши ноҳияҳои деҳот ва иншооти инфиродии нерӯҳои амниятӣ ба зери пои Толибон ба поён расидааст.
Таджикско-афганская граница. Река на Западном Памире в Таджикистане, правый приток Пянджа. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Сафир: Толибон ҳадафе дар мавриди марзи Тоҷикистон надоранд
Серенко инчунин қайд кард, ки Толибон имкони дар як вақт нигоҳ доштани чунин қаламравҳои калонро надоранд.
"Таъсири мавҷи баръакс зоҳир шудан дорад, зеро рӯзи сеюм дар Афғонистон ҳамлаи артиши Афғонистон бомуваффақият оғоз ёфт, ки дар натиҷа Толибон манотиқи кишварро, ки дар нимаи аввали моҳи июн гирифта буданд, аз даст медиҳанд", - илова кард коршинос.
Серенко тавзеҳ дод, ки ҳамлаи шадиди Толибон ба ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ кӯмак кард, ки ҷомеаи афғонро дар атрофи артиш муттаҳид созад ва онро ба ҳукумати кунунӣ содиқтар гардонад.
"Душмани умумӣ гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ ва этно-минтақавиро муттаҳид кард", - гуфт коршинос дар нуқтаи сеюми хулосабарорияш.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.06.2021
Афғонистон аз Русия ва Осиёи Марказӣ дархост дорад, ки Толибонро ба мизи музокирот кашанд
Чаҳорум, ба гуфтаи сиёсатшинос, идеяи ҳимояи ватан аз таҷовузи террористии хориҷӣ нуқтаи нави гирдоварии элитаи сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон шуда истодааст.
Дар хотима Серенко қайд кард, ки таҷовузи Толибон элитаҳои маҳаллиро суст кард, ки онҳо то ҳол ҳукумати марказиро шадидан танқид мекунанд, қудрат ва захираҳои маҳдуди худро нишон медиҳанд.
* Ташкилоти радикалӣ, ки дар Русия, Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар мамнӯъ аст.
Лентаи хабарҳо
0