Сохтмони роҳи автомобилгарди Кизилқалъа-Бохтар 1 июл оғоз меёбад

© Sputnik / Алексей Мальгавко / Гузариш ба медиабонкСтроительство автомобильной дороги
Строительство автомобильной дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Обуна шудан
Амалисозии лоиҳаи сохтмони қисмати шоҳроҳи Кизилқалъа-Бохтар аз шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дар ҷануби Тоҷикистон аз 1 июли соли равон оғоз мегардад.
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи якуми назорати сифат бо иштироки Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим, роҳбарони ширкатҳои машваратии ҷопонии “CTI”, Пудратчии сохтмони роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” “Dai Nippon Construction”, роҳбари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон “JICA” дар Тоҷикистон баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки ҷаласаи мазкур бо мақсади табодули маълумот оид ба корҳои анҷомдодашуда, мушкилотҳои мавҷуда, роҳҳои бартараф кардани онҳо, таъмини сифат ва иҷрои саривақтии корҳои банақшагирифташуда мебошад ва гузаронидани чунин намуд вохуриҳо хусусияти доимӣ дошта лоақал дар як сол ду маротиба гузаронида мешаванд.
Открытие нового моста между селом Панджарийон села Гафор-Мирзо Ховалингского района и селом Синджи Муминободского района - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2021
Оғози сохтмони роҳи Роғун – Обигарм – Нуробод: дастури Раҳмон барои назорати ҷиддии сифат
Зимни ҷаласа Вазири нақлиёт гуфтааст, ки аз тарафи вазорат масъалаҳои омодасозии масири роҳ ва бартарафсозии иншооту моликиятҳои зери сохтмони роҳ афтанда барои оғоз бахшидани корҳои сохтмонӣ аслан ба анҷом расонида шудаанд ва дар ҳолати пайдо шудани ягон мушкилоти ғайриинтизорӣ омодаанд дар якҷоягӣ бо сохтору идораҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ онро бартараф созанд.
Роҳбари ширкати Пудратчӣ қайд намуд, ки сохтмони лоиҳаи мазкур аз якуми июли соли ҷорӣ оғоз мегардад ва тибқи нақша дар тулли 23 моҳи оянда бояд ба анҷом расонида шавад.
Аммо онҳо гуфтаанд, ки дар якҷоягӣ бо ширкатҳои маҳаллӣ кушиш ба харҷ хоҳанд дод, ки лоақал се чор моҳ пештар аз нақша бо таъмини сифати меъёрҳои соҳавӣ лоиҳаро ба анҷом расонанд.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳа барқарорсозии қитъаи Қизилкал-Бохтарро дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар пешбинӣ мекунад.
Қаблан, давлати Ҷопон барои ин тарҳ 3 миллиарду 232 миллион йени ҷопонӣ ва тавассути JICA барои тарҳрезии муфассал 117 миллион йени ҷопонӣ (тақрибан 31 миллион доллар) ҷудо карда буд.
Министр транспорта РТ Азим Иброхим - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Чин барои сохтмони роҳи Душанбе-Хоруғ-Қулма ба Тоҷикистон маблағи калон медиҳад
Дарозии ин қитъаи роҳ тақрибан 10 км мебошад. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт мебошад.
Тақрибан 40 км шоҳроҳи Душанбе-Бохтар (тақрибан 98 км) аз ҳисоби Бонки Осиёии Рушд (БОР) навсозӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузории БОР барои лоиҳа 90 миллион долларро ташкил медиҳад.
Арзиши умумии лоиҳа 107,5 миллион долларро ташкил медиҳад ва инчунин Ҳукумати Тоҷикистон низ дар лоиҳа саҳм дорад.
Лентаи хабарҳо
0