Вазири тандурустии Бритониё бо ҳамсари миллионер бӯсобӯсӣ мекунад: акси баҳсбарангез

© REUTERS / HENRY NICHOLLSЕВазири тандурустии Бритониёи Кабир Мэтт Хэнкок
Вазири тандурустии Бритониёи Кабир Мэтт Хэнкок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Маъшуқаи вазир ҳамсари миллионер аст. Раҳбари Вазортаи тандурустӣ низ хонадор ва соҳиби се фарзанд мебошад
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Акси бӯсобӯсии вазири тандурустии Бритониёи Кабир Мэтт Хэнкок ва ёвараш Ҷина Коланданҷело дар сархати расонаҳои пеши Бритониё қарор гирифт.
Тафсилоти ин мавзуи баҳсбарангезро The Daily Mail ошкор кардааст.
Акси баҳсбарангез аз наворе, ки рӯзи 6 майи ҳамин сол, тариқи камераи назоратии Вазорати тандурустӣ бардошта шудааст, "стоп кард" шудааст.
Мардумро натанҳо хиёнати онҳо нисбати ҳамсаронашон, ки ҳарду хонадор ҳастанд ба хашм овард, балки анҷом додани ин амали ношоям дар ҷои кор бо нақзи ҳамагуна қоидаҳои беҳдоштӣ, ки худи онҳо барои дигарон ҷорӣ кардаанд, ба ғазаб овард.
Мухолифин роҳбари Вазорати тандурустиро мунофиқ хонданд, ки маъшуқаашро ёвари худ гирифтааст, гарчанде худ доим аз бритониёиҳо даъват мекард, ки бо мақсади қатъ кардани паҳншавии коронавирус наздикони худро ба оғӯш нагиранд ва алоқаи ҷинсии тасодуфӣ накунанд.
Акция в поддержку сборной России по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Расонаҳо аз якбора бад шудани вазъи овозхони машҳур МакSим хабар доданд
Онҳо талаб доранд, ки вазир аз мансабаш сабукдӯш карда шавад.
Бо вуҷуди хашми мардум, сарвазир Борис Ҷонсон пас аз узрхоҳии расмии вазир барои вайрон кардани фосилаи иҷтимоӣ ӯро аз вазифа озод накард. Дар баробари ин вазир зимни узрхоҳӣ аз ҳамсараш Марта, ки 15 сол боз зиндагии муштарак ва соҳиби се фарзанд ҳастанд, сухан нагуфт.
Расонаҳо кӯшиш доранд, аз забони худи Хэнкок шарҳи ин ҳаводисро бишнаванд, вале вазир аз ҳама гуна мусоҳибаҳо худдорӣ мекунад ва талаб дорад, ки нисбати зиндагии ҳар шахс эҳтиром гузошта шавад.
Маъшукаи вазир, зани 43-сола Ҷина Коладанҷело бо миллионер Оливер Трес, молики мағозаҳои либоси Oliver Bonas хонадор аст.
Концерт певицы Бритни Спирс в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Гила аз хешовандон ва безорӣ аз падар: изҳороти ҳайратангези Бритни Спирс
Ин ҷуфт низ се фарзанд доранд. Хэнкок қаблан изҳор карда буд, ки Коладанҷелоро аз замони таҳсили якҷоя дар Оксфорд мешиносад. Вазир маъшуқаашро соли 2020 ёвари худ ва узви Шӯрои Вазорати тандурустӣ таъин кард. Ҷина дар як сол 21 ҳазор доллар музд мегирад, дар сурате, ки дар давоми сол, ҳамагӣ 20 рӯз корӣ дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала