Ато Муҳаммади Нур бо фарзандонаш ба майдони ҷанг рафт - видео

© AFP 2021 / FARSHAD USYANАтто Мухаммади Нур
Атто Мухаммади Нур - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Ҳокими пешини Балх бо фарзандонаш барои набард бо ҷангӯёни гурӯҳи Толибон ба вулусволии Шӯртеппа вилояти Балх рафтанд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Тибқи иттилои Sputnik Афғонистон, Ато Муҳаммади Нур ва писаронаш Холид ва Ториқ Нур барои набард бо Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия ва Тоикистон) ба ноҳияи Шӯртепаи вилояти Балх рафтанд.
Дар ин амалиёт ӯро Муҳаммад Фарҳод Азимӣ, волии Балх ва фармондеҳони собиқи ҷиҳодӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд қайд кард, ки пеш аз ин Муҳаммад Муҳақиқ ба вулусволии Балх ва Сайид Зоҳир Масрур ба вулусволии Чаҳоркант ва Аббос Иброҳимзода низ барои ҷанг бо ҷангҷӯёни Толиб рафта буданд.
Ёдовар мешавем, ки тайи 10 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.
Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала