Боздошти як ҷавони тоҷик дар пайи занозанӣ бо “скинхед” - ҳо – видео

© Sputnik / Табылды Кадырбековкулак, архивное фото
кулак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон дар Русия қазияи боздошти як ҷавони 21-солаи тоҷик дар пайи занозанӣ бо скинхедҳо дар Маскавро зери назорат мегирад
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Масъулини сафорати Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки боздошти шаҳрванд Ҳусейнов Амиршоҳи 21-сола ва таҳқиқи қазияро зери назорат мегиранд. Интизор меравад, ки намояндагони Сафорат рӯзи 28 июн ба боздоштгоҳ раванду бо қазия шинос шаванд, хабар дод ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, Валентина Чупик дар саҳифаи фейсбукияш.
Ба иттилои Чупик, ба ӯ наздикони Ҳусейнов муроҷиат карда, изҳор доштаанд, ки ӯро шоми 25 июн ба далели занозанӣ бо скинхедҳо боздошт кардаанд ва ӯ феълан дар боздоштгоҳ дар Рублёвский шоссе 5 қарор дорад. Наздиконаш мегӯянд, ӯро дар авбошӣ муттаҳам мекунанду рӯзи 28 июн мурофиаи додгоҳӣ барои муайян намудани чораи пешггирӣ нисбати ӯ баргузор мегардад.
Наздикони Ҳусейнов иддао доранд, ки ӯ иштирокдори тасодуфии ин занозанӣ шуда, ҳеч силоҳу корде дар даст надоштааст. Дар навори занозании 23 июн бо скинхедҳо, ки дар он зодагони Доғистону як тоҷикистонӣ иштирок доштаанд, ба иттилои наздикон, Ҳусейнов бо либоси сурх мебошад ва аён аст, ки ҳеч силоҳе дар даст надорад.
Назари мақомоти тафтишотӣ феълан маълум нест ва дар сурати дастрас гардидан, дар ин саҳифа нашр хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0