Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Фавт дар зодрӯз: даргузашти собиқ ноиби сарвазир, духтари Минҳоҷ Ғуломов - акс

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Профессор Нигина Шаропова, собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ва яке аз табибони шинохтаи ҷумҳурӣ 27 июн дар зодрӯзаш дунёро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Нигина Шаропова, ходими давлатӣ ва психиатр – наркологи шинохта, духтари олими барҷастаи тиб Минҳоҷ Ғуломов, дар синни 62-солагӣ дунёро тарк кард.
Дар ин бора наздиконаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар доданд. Иллати маргаш низ бемории роҳҳои нафас ва коронавирус гуфта мешавад, аммо мақомоти тандурустӣ расман ин иттилоъро тасдиқ накардаанд.
Нигина Шаропова соли 1999 бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон муовини сарвазир оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ таъйин шуда, то соли 2004 ифои вазифа кардааст. Сипас ба ҳайси ҷонищини вазири тандурустӣ тайи солҳои 2004 - 2006 фаъолият намудааст.
Бар асоси ҳолномаи Нигина Шаропова, ки дар Донишномаи озод нашр шудааст, ӯ фарзанди олими шинохтаи тибби Тоҷикистон, Минҳоҷ Ғуломов мебошад. Маврид ба зикр аст, ки Минҳоҷ Ғуломов ҳамроҳи Баширхон Исҳоқӣ, ректори вақти ДДТТ ба номи Абӯалӣ Сино соли 1996 дар синни 66-солагӣ кушта шуд. Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон соли 2004 Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи Минҳоҷ Ғуломов гузошта шудааст.
Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилорасонии Агентии Тоҷикстандарт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
Худи Шаропова низ касби падарро интихоб намуда, сарпсихиатри Вазорати тандурустии ҶТ (2000-2009), доктори илми тиб (2001), профессор (2005), “Аълочии ҳифзи тандурустии СССР” (1991), дорандаи ҷоизаи байналмилалии ба номи Ҷонатан Мэнн (2003), узви Шӯрои илмии тиббии Вазорати тандурустӣ ва узви Ассотсиатсияи “Занҳои олими Тоҷикистон” будааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала