КДАМ Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон" ба постгоҳи марзӣ гуфт: "вазъ мураккаб"

© котиботи КДАМ ТоҷикистонНизомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон"* ба гузаргоҳи сарҳадии Чукчук ва ақибнишинии гуруҳи низомиёни афғон ба Тоҷикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Мақомоти марзбонии КДАМ мегӯянд, субҳи 27-уми июни соли 2021 гурӯҳи мусаллаҳи ҳаракати "Толибон"* ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон ҳамла намуданд.
"Дар натиҷаи ин задухӯрд, ки то соати 12:50 идома ёфт, 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд", - омадааст дар изҳороти мақомоти марзбонӣ.
Манбаъ таъкид кардааст, ки сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани робитаи неки инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ ба гурезагони иҷборӣ барои вуруд ба қаламрави Тоҷикистон иҷозат доданд.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
“Устод Ато миёнашро баст”: аввалин натиҷаҳо ва мушкилоти амалиёташ алайҳи Толибон дар Балх
КДАМ Тоҷикистон мегӯяд, вазъияти умумӣ дар ин минтақа мураккаб боқӣ монда, задухӯрдҳои мусаллаҳона байни гурӯҳҳои ҳаракати “Толибон” ва қувваҳои ҳукуматии Афғонистон идома дорад.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибонк" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала