Муфтии нави Қирғизистон интихоб шуд: ӯ кист?

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксСоборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото
Соборная Ак-мечеть (Белая мечеть) , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Дар Қирғизистон интихоби раҳбари маънавии мусулмонони Қирғизистон баргузор шуд. Муфтии Қирғизистон собиқ қозии пойтахт Замир Рақиев интихоб шудааст
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Замир Ракиев бо касби бештарини оро аз миёни 9 номзад ба унвони раҳбари маънавии мусулмонони Қирғизистон интихоб шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Ракиев дар 15 феврали 1978 дар деҳаи Шамшии ноҳияи Кочкори вилояти Норин мутаваллид шуд.
Вай аз соли 2017 то 2020 муовини муфтии Қирғизистон буд ва аз соли 2020 низ дар мақоми қозии Бишкек фаъолият мекунад.
Вай дар давраҳои омӯзишӣ дар муассисаи исломии Миср ва Донишгоҳи исломӣ дар Қоҳира таҳсил кардааст.
Эътироз дар назди муфтиёти Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2021
Таъйиди суистифодаи молии муфтии собиқи Қирғизистон
Ракиев ҳамчунин дар риштаи Ховаршиносӣ ва ҳуқуқ хатмкардаи Донишкадаи давлатии Бухоро аст.
Максатбек Токтомушев, муфтии собиқи Қирғизистон ва раиси собиқи идораи рӯҳоният ба иттиҳоми молӣ боздошт шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала