Қазоқистон аз Тоҷикистон пиёзу ангур харид

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Истарвашана
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Рӯзҳои аввали сафари расмии вазири савдои Қазоқистон ба Тоҷикистон бобарор мегузарад
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Бахит Султонов, вазири савдо ва ҳамгироии Қазоқистон дар ҷараёни сафари худ ба Тоҷикистон бо як ҳайати соҳибкорон тавонистааст барои содироти маҳсулот як қатор шартномаҳо ба имзо расонад, иттилоъ додааст сомонаи Kapital.kz.
"Мо тӯли ду рӯз аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон дидан кардем. Ман худам шинос мешудаму тоҷиронро бо ҳокимони вилоятҳо / шаҳрҳо / ноҳияҳо ва деҳқонон - истеҳсолкунандагон муаррифӣ кардам", - гуфт сиёсатмадори қазоқ.
Вай гуфт, ки дар давоми ду рӯз се қарордоди форвардӣ барои содироти озмоишии ангуру пиёзи Тоҷикистон ба Қазоқистон ба имзо расид.
Казахстан предоставил Таджикистану 10 тысяч тонн гуманитарной помощи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Кумаки башардӯстона: Қазоқистон 10 ҳазор тонна орд ба Тоҷикистон ирсол намуд
Арзиши умумии қарордодҳои имзошуда 1,5 миллион долларро ташкил додааст.
Султонов инчунин қайд кард, ки сафари расмӣ барои гирифтани маълумот аз кишоварзони маҳаллӣ кӯмак кард: "чӣ истеҳсол мекунанд, ҳаҷми ҷамъоварии ҳосили саноатӣ чӣ гуна аст, имкониятҳои содирот, дастрасӣ ва сифати ҷойҳои нигоҳдорӣ".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала