Варзишҳои зӯроварона пешгирию фитнес-клубҳо танзим мешаванд: Раҳмонзода аз қонуни нав гуфт

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонРаҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қонунеро қабул намуд, ки иҷозат медиҳад, намудҳои зараровари варзиш ва тарғиби фарҳанги бегона дар клубҳои варзишӣ пешгирӣ шавад
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонони ва варзиши Тоҷикистон, дар ҷаласаи ахири парлумон лоиҳаи қонун “Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш”- ро муаррифӣ кард.
Раҳмонзода гуфт, лоиҳаи қонуни мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳаққи пешгирии намудҳои варзише медиҳад, ки зимни машғулият бо онҳо вазъи рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон зарар мебинад.
“Пешгирӣ аз сарфи назар гардидани намудҳои олимпӣ ва миллии варзиш, тарғиб намудани мафкура ва ақидаҳои фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзиш ва дигар масъалаҳои муҳим, аз ҷумлаи предмети танзими лоиҳаи қонуни мазкур мебошанд”, - иттилоъ дод нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Кумита.
Дилшод Назаров на летних Азиатских играх 2018 в Джакарте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2021
"Варзиш ба сиёсати ифлос табдил шуд": интиқоди варзишгарони тоҷик аз қазияи Назаров
Раҳмонзода ба вакилон гуфт, шумораи зиёди федератсияҳое ба вуҷуд омадааст, ки на фақат фаъолияти босамар надоранд, балки боиси бенизомӣ дар соҳа гардидаанд.
Ӯ нигаронӣ кард, ки фаъолияти аксари ин федератсияҳо ба рушди намудҳои ғайриолимпии варзишӣ, инчунин, рушди намудҳои варзишие, ки хусусияти зӯроварӣ доранд, равона гардидааст.

"Ҷанбаи дигари ташвишовар дар он аст, ки новобаста ба надоштани саҳм дар тарбияи варзишгарони касбӣ, онҳоро барои иштирок дар чорабиниҳои гуногуни ғайриҳирфавии варзишӣ тарғиб менамоянд, ки боис ба вайрон гардидани низоми муқарраргардида ва ҷароҳати ҷиддӣ бардоштани варзишгарон мешаванд”, - изҳори нигаронӣ кард раиси Кумита.

Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш афзуд, ки солҳои зиёд фаъо­лияти толорҳои хусусии варзишӣ, фитнес - клубҳо ва клубҳои дигари варзишӣ низ ба таври худкор ба роҳ монда шуда, дар ин раванд на фақат тарғиби намудҳои хусусияти зӯроваридошта, балки таблиғи фарҳанги бегона дар клубҳо ва толорҳои варзишӣ ба назар мерасанд, ки зарурати танзими масъаларо бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд овардааст.
Таджикский особенный мальчик- певец Абдурозик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Аз намозу имтиҳон то ҷаҳиши семетрии Абдурозиқ: эълони рӯзи муҳориба бо Ҳасбулло – видео
Раҳмонзода афзуд, дар лоиҳаи қонун бори аввал дарҷ гардидааст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба намудҳои олимпӣ, ғайриолимпии эътирофшуда ва миллии варзишӣ афзалият медиҳад ва барои рушди онҳо талош меварзад. Ин муқаррарот имкон хоҳад дод, ки намудҳои афзалиятноки варзишӣ дар байни аҳолӣ бештар тарғиб карда шуда, дар мактабҳои варзишии давлатӣ танҳо аз рӯи онҳо гурӯҳҳои варзишӣ таъсис дода шаванд, таъкид кард ӯ.
Маҷлиси намояндагон дар пайи муаррифӣ лоиҳаи қонуни мазкурро қабул намуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала