ВКД низоми электронии бақайдгирии ҷиноятҳоро роҳандозӣ кард

© Sputnik / Амир ИсаевЛетний фестиваль в Душанбе 17.08.2019
Летний фестиваль в Душанбе 17.08.2019  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Дар Вазорати корҳои дохила системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷинояҳо ба кор даромад
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Ахиран дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ Бароталӣ Ҳамидзода ва роҳбари Шуъбаи мубориза бо маводи мухаддир ва тартиботи ҳуқуқии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон –Сита Фаррелл маросими намоиш ва ба истифодадиҳии системаи ягонаи давлатии қабул, бақайдгирӣ ва баҳисобгирии электронии арзу шикоятҳои шаҳрвандон дар бораи ҷиноят баргузор гардид.
Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои дохила системаи мазкур бо мақсади сифатан беҳтар намудан ва ҳарчи бештар дастрас гардонидани хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ, ба таври фаврӣ вокуниш нишон додан ба мушкилоти ҷомеа, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандон дар асоси технологияҳои муосир роҳандозӣ шудааст.
Разыскиваемый подозреваемый за хулиганство Гулов Диловар  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2021
Эълон: ВКД аз мардум дар боздошти Диловар, писари Шералӣ Гул кумак хост
Ҳамчунин вазорат қайд кардааст, ки ин низом барои саривақт ошкор ва кушодани ҷиноятҳо, хосатан пешгирии аз қайд пинҳон намудани аризаю шикоятҳои шаҳрвандон, баланд бардоштани эътимоди халқ ба милитсия, ба роҳ мондани шаффофият ва огоҳонидани аҳолӣ аз раванди санҷиши арзу шикоятҳо кумак хоҳад кард.
Гуфта шудааст, ки системаи мазкур ба таври таҷрибавӣ имрӯз танҳо дар ҳудуди ШВКД-ҳои шаҳри Душанбе ҷорӣ гардида, минбаъд дар тамоми ҷумҳурӣ паҳн мегардад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала