ВКД Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳо нисбати фарзандони худ масъулиятнок ҳастанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкМигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске
Мигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, аз кадом кишварҳо ба Русия муҳоҷирони меҳнатии пурмасъулияту ғамхор меоянд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Русия эълон кард, бештар муҳоҷирони меҳнатӣ кадом кишварҳо барои ба танзим дарории вазъи фарзандони худ ба мақомот муроҷиат мекунанд.
Пурмасъултарин муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мебошанд: онҳо нисбат ба дигарон эҳтимолан дар бораи вазъи ҳуқуқии аъзои оилаи худ пурсон мешаванд.

"Ба мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандони хориҷӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии фарзандонашон дар Русия дархост пешниҳод мешавад. Дар аксари вақт, дархост аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мегардад", - иттилоъ додааст ВКД-и Русия дар суоли хабаргузории ТАСС.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия таъкид кардааст, ки одатан, масъалаи вазъи фарзандони муҳоҷирон ба таври мусбат ҳалли худро пайдо мекунад.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Муҳоҷирон муваззаф мешаванд, ки дар Русия "некхоҳ" бошанд
Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки аксар донишҷӯён ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар кишвар тибқи патент ё иҷозатномаи кор фаъолият мекунанд, ба мушкилоти қонунигардонӣ дучор мешаванд.
Ҳамчунин, Вазорати корҳои дохилӣ хотиррасон шудааст, ки бо супориши Владимир Путин, раисҷумҳури Русия корҳо дар самти таҳкими қонунгузории Русия оид ба тамдиди муҳлати ҳузури муваққатии кӯдакони ноболиғи хориҷӣ дар кишвар идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0