“Поин реги сӯзон, болом офтоби доғ”: Ато Муҳаммади Нур дар хати набард бо Толибон -видео

Дар як наворе, ки ахиран нашр шудааст Ато Муҳаммади Нур бо писаронаш дар хатти аввали набард бо Толибон дар Шӯртепаи Балх қарор дорад ва дар бораи поксозии минтақа аз ҷангҷӯён толиб изҳорӣ назар кард
Ато Муҳаммади Нур, собиқ волии Балх ва яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳиддини Афғонистон дар ҳоле вориди майдони ҷангҳои Шимоли Афғонистон мешавад, ки даҳҳо вулусволӣ дар вилоёти шимолӣ, аз ҷумла шаш вулусволии вилояти Балх аз сӯи Толибон (гуруҳи террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ) забт шудааст.
“Интизори ҳаминро дорем, ки тиме аз марказ биёяд ва мо амалиётро оғоз намоем, пештар бо шӯрои амният ҳам дар ин масъала суҳбат доштем, бояд масир боз шавад, ки мо бо суръат худро ба вулусволиии дар муҳосира афтода бирасонем”, - гуфт Ато Муҳаммади Нур.
Вай афзуд, ки вулусволӣ дар муҳосира қарор дорад. “Як ҷанги бисёр шадид ҳам болояш сурат гирифта буд. Ба ҳар ҳол мо мунтазири марказ ҳастем”.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
“Устод Ато миёнашро баст”: аввалин натиҷаҳо ва мушкилоти амалиёташ алайҳи Толибон дар Балх
“Интиҳору инфиҷор фарҳанги Толибон буд, аксарияти Афғонистона гирифта буданд тақрибан 90 фисади Афғонистон дасташон буд. Мо инро таҷруба карда будем. Ман аз раисҷумҳур хоҳиш карда будам, ки пеш аз ин ки мушкил ҳал шавад мо ба мардум муроҷиат кунем. Бо вуҷуди мушкилотҳои мавҷуда бо марказ замина вуҷуд дорад”, - гуфт собиқ волии Балх.
Бояд гуфт, ки ӯ чанд рӯзи қабл аз шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб, ки он ҷо барои табобат рафта буд, дар пайи вахим шудани авзоъ, бахусус, вақте Толибон дар пушти дарвозаи ғарбии шаҳри Мазори Шариф пайдо шуданд, тадовиашро қатъ карда баргашт.
Вилояти Балх пойгоҳи асосии Ато Муҳаммади Нур ва худаш пурнуфузтарин чеҳраи ин вилоят ва вилоёти атрофи он ба ҳисоб меравад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала