Ҳабиб аз хоҳиши майдондорию зангҳою суоли Дана Уайт гуфт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкБоец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Ҳабиб Нурмуҳаммадов мегӯяд, халос шудан аз пойбандӣ ба варзиш барояш душвор аст
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Ҳабиб Нурмуҳаммадов, қаҳрамони собиқи UFC дар вазни сабук аз хоҳиши майдондорияш нақл кард.
Дар мусоҳиба бо канали YouTube – UFC Russia, размикори собиқ эътироф кард, ки озмун ва тамринро пазмон мешавад. Ба гуфтаи Нурмуҳаммадов, раҳоӣ аз вобастагӣ ба варзиш душвор аст.
"Баъзан хоҳиш пайдо мешавад, ки ба қафас даромада, бо касе ҳадди ақал панҷ давр зӯрозмоӣ кунам. Аммо ҳатто агар ман карераи худро ҳоло ба охир намерасондам ҳам, замоне бояд ба ин намуди варзиш бас мегуфтам", - таъкид кард қаҳрамони собиқ.
Нурмуҳаммадов қайд кард, ки президенти UFC, Дана Уайт ҳамеша ӯро водор мекунад, ки ба майдон баргардад. Вай афзуд, ки Уайт ахиран ба менеҷераш занг зада пурсид, ки чаро Ҳабиб ҳеҷ гоҳ намепурсад, ки ман ба ӯ чӣ қадар пул пешниҳод мекунам.
"Ман ба ӯ ҷавоб додам: Оё шумо аз ман мепурсед? Ман дигар таваҷҷӯҳ надорам", - ёд овард Нурмуҳаммадов.
Боец смешанного стиля, чемпион абсолютного бойцовского чемпионата (UFC) в легком весе Хабиб Нурмагомедов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2021
Раҳбари UFC беҳтарин размикор дар таърихи ММА - ро ном бурд: Ҳабиб?
Ғайр аз ин, қаҳрамони собиқ дар бораи интизориҳо аз сабқати сеюм бо иштироки размандагон Конор Макгрегор ва Дастин Пуаре сухан гуфт. Ба ақидаи ӯ, дар даври аввал ирландӣ бартарӣ хоҳад дошт.
"Ман даври аввалро барои Конор медиҳам. Агар не, пас даври дуввум ва аз он болотарро ба Пуаре медиҳам", таъкид кард варзишгар.
Ёдовар мешавем, ки Нурмуҳаммадов 7 апрели соли 2018 қаҳрамони сабуки UFC шуд ва моҳи октябри соли 2020, пас аз мағлуб кардани амрикоӣ Ҷастин Гейҷ, размикори русиягӣ аз хатми майдондорӣ эълон кард.
Лентаи хабарҳо
0