Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва сохтмончии НБО Норак - Гулов Малах даргузашт

© Sputnik Медали ветерана ВОВ
Медали ветерана ВОВ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Гулов Малах иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори меҳнат дар синни 101-солагӣ аз олам чашм пӯшид
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Мақомоти шаҳри Норак хабар додааст, ки машҳуртарин куҳансарбози ҶБВ аз шаҳри Норак Гулов Малах даргузашт.
“Аз даргузашти Гулов Малах мақомоти шаҳри Норак сахт андуҳгин шуда, ба аҳли оила, дӯстону пайвандони марҳум тасаллияти амиқ арз мекунанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Гулов Малах иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ва собиқадори меҳнат буда, дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Норак солҳои зиёд меҳнат намудааст.
Портрет ветерана ВОВ Бустанова Атакула - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2020
Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон
“Мардуми шаҳри Норак фаъолияти Гулов Малахро, ки даҳсолаҳо ибрати наслҳо буда, ба наврасону ҷавонон дарси одаму одамият ва заҳматкашиву ватандӯстӣ омӯхтааст, фаромӯш нахоҳанд кард”, - таъкид доштааст мақомоти шаҳри Норак.
Бояд гуфт, ки дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо барои дифои Ватан дар майдони ҷанг далерона ҷон супурданд. 58 ҳазор нафар барои шуҷоату далерӣ бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравиро сазовор гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала