Маскавро тӯфони борон фаро гирифт - видео

Обуна шудан
Маскавро пас аз гармои тақатфарсои чанд ҳафта борони шадид дар ҳолати ногувор қарор дод
Наздики ду ҳафта дар Маскав гармои тоқатфарсо ҳукмфармост, аммо борони селе, ки имрӯз болои ин шаҳр рехт сокинонро ҳайратзада кард.
Аз тӯфони борон як қисмати шаҳр қариб зери об мемонд.
Дар ноҳияи Раменски ҳатто крани сохтмонӣ пас аз ин офати табиӣ ба замин сарозер шуд.
Илова бар ин, обхезӣ дар метрои "Ясенова" ва ҳамчунин қисмати "Филе" низ ба қайд гирифта шуд.
Дар Шёлковский қувваи раъду барқ ба трансформатор афтод ва хушбахтона касе дар ин ҳодиса зарар надид.
Ҳамчунин дар самти ғарб ва ҷанубу шарқии Русия роҳҳои мошингард зери об монданд, ки ин ҳолат боиси тамбашавии нақлиёт шуд.
Дар фурудгоҳи Маскав бошад тӯфони борон боиси ба таъхир афтодани парвозҳои ҳавопаймоӣ шуд. Гуфта мешавад, парвози дасти кам 30 хатсайр ба вақти дигар гузаронда шуд.
Лентаи хабарҳо
0