Дар Маскав ваксинзании муҳоҷирон оғоз шуд

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузаштан ба хазинаи аксРабота мобильных пунктов вакцинации в Казани
Работа мобильных пунктов вакцинации в Казани - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Муҳоҷиронро дар Маркази муҳоҷирати Маскав воқеъ дар Сахарово эм мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Муҳоҷирони меҳнатиро дар Маскав аз коронавирус эм мекунанд. Ваксинзанӣ дар низоми озмоишӣ оғоз мешавад. Дар ин бора шаҳрдори Маскав Сергей Собянин хабар додааст.
Ин равандро барои шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи дархостҳои корфармоён ташкил хоҳанд кард.
Ёдрас мешавем, ҳамакнун корфармоён муваззаф шудаанд, ки ваксинзании коргаронро ташкил кунанд. Ба гуфтаи Собянин, дертар ин реҷаро тағйир хоҳанд дод.
Президент РФ Владимир Путин во время видеообращения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Дастури Путин барои ташкили ваксинаи пулакӣ ба хориҷиён
Дар эмкунии шаҳрвандони хориҷӣ ваксинаи "Спутник Лайт" истифода хоҳад шуд, ки истеҳсоли Русия аст.
Муҳоҷирон дар Маркази муҳоҷирати Маскав Сахарово метавонанд аз 9-и субҳ то 21:00 худро эм кунонанд. Ҳамарӯза дар ин марказ то 2 ҳазор нафар ваксин карда мешаванд.
Дар Марказ 2 табиб ва 12 ҳамшираи шафқат фаъолият мекунанд.
Собянин таъкид кард, ки ба наздикӣ муҳоҷироне, ки дар коргоҳе расман фаъолият намекунанд, метавонанд худро эм кунанд.
Эрон ба аввалин кишвари минтақа барои тавлиди ваксинаи коронаи “Спутник V” табдил шуд
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар Маскав боз як маркази ваксингузаронии муҳоҷирон ташкил шавад. Онро дар маркази савдои "Садовод" ифтитоҳ хоҳанд кард, ки аз 8:00 то 20:00 фаъолият хоҳад кард.
Пештар президенти Русия Владимир Путин дастур дод, ки дар кишвар низоми васинзании пулакии муҳоҷирон ба роҳ монда шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала