Люди в защитных масках в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Дар Тоҷикистон сар аз 21 июн мавҷи дуюми бемории коронавирус сар зад

Мастер Исмайл дар бораи ваксинзанӣ бо AstraZeneca: "ҳолам вазнин буд, вале зиндаам"

© REUTERS / DADO RUVICВакцина от коронавируса AstraZeneca
Вакцина от коронавируса AstraZeneca - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Мастер Исмайл ё M.One (Исмоил Исмоилов) репсарои машҳури тоҷик, дар бораи ваксинзанӣ гуфт ва ба мардуми Тоҷикистон тавсияҳо дод
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Мастер Исмайл бо ваксинаи AstraZeneca, ки аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ворид шудааст, эм карда шуд. Дар ин бора репсарои машҳури тоҷик дар саҳифааш дар Instagram хабар дод.

"Ман бо ваксинаи AstraZeneca эм гирифтам. Баъди эм шудан ду рӯз ҳарорати баданам 28 дараҷа буд, аҳволам вазнин буд. Ҳоло хубам, зиндаам", - гуфт Исмайл дар навор.

Исмоил Исмоилов барои одамоне, ки нақша доранд бо ин ваксин эм карда шаванд, тавсия медиҳад ва мегӯяд, ки барои боз будани роҳҳо ба ҳама самт бояд ин корро кард.
"Пас аз чанд вақт, дигар бе ваксина ба ягон ҷо рафтан намешавад. Аввал вояи якуми ваксинаро мегириӣ баъди 45 рӯзи қисми дуюмашро ва ҳамаи роҳҳо бароятон кушода мешавад" , - таъкид мекунад, репсаро.
Ҳанӯз моҳи марти соли равон Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи AstraZeneca – и сохти Аврупоро бо мусоидати Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз Ҳиндустон ва 20 июн ҳудуди 300 ҳазор воя ваксинаи чинии "CoronaVac" – ро ворид карда буд.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, дар ҳоли ҳозир 143 ҳазору 960 нафар бо ваксинаи "AstraZeneca" эм шудаанд, ки аз ин шумора 17 ҳазору 719 нафар, асосан кормандони тиб , ду воя гирифтаанд.
Ҳоло 740 вояи “AstraZeneca” дар анбори ҷумҳуриявӣ ва 33 ҳазору 530 воя дар дасти мутахассисони марокизи саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии саросари кишвар аст, ки дар маҷмуъ 34 ҳазору 270 воя ё зарф мебошад.
Бино ба ин манбаъ, 9 ҳазору 143 нафар дар шаҳри Душанбе бо ваксинаи “CoronaVac” – и Чин эм шуда, теъдоди умумии ваксинашудагон дар Тоҷикистон ба 153 ҳазору 103 нафар расид.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон мавҷи дуюми вируис корона хуруҷ кардааст. Рӯзи 21 июн, ки расман Вазорати тандурустии кишвар аз бурузи дигарбораи вирус дар кишвар хабар дод.
Лайлӣ Мақсудова, сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва иттилорасонии Агентии Тоҷикстандарт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Қурбонии COVID-19: даргузашти яке аз роҳбарони ҷавон дар “Тоҷикстандарт”
То дар Тоҷикистон шумораи гирифторони вируси корона, 131 нафар гуфта шудааст, ки аз ин ба иттилои мақомот 45 нафар шифо ёфтаанд. Аз ҷумла ба иттилои расмӣ, дар шабонарӯзи гузашта 11 нафар шифо ёфта, ягон ҳолати фавт ба қайд гирифта нашудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи охир аз ҳолатҳои фавт бар асари коронавирус дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо хабарҳо нашр гардидаанд.
Аммо мақомоти тандурустии Тоҷикистон омореро нашр намуданд, ки тибқи дар пайи мавҷи дуюми коронавирус дар ҷумҳурӣ то ҳол ягон ҳолати фавт сабт нашудааст.
Мақомоти Тоҷикистон аз шаҳрвандон хостанд, ки риояи қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддӣ бигиранд.
Дар мавриди чорабиниҳои оммавӣ ва намозҳои ҷомеъ мақомот изҳор доштанд, ки дар сурати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосилаи иҷтимоию ниқобпӯшӣ ин маъракаҳо маҳдуд нахоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала