Мошинро нарх монду пул надод: милиса сокини Исфараро барои қаллобӣ боздошт кард

© Flickr / Tobias FidelisАвтомашина марки BMW. Архивное фото
Автомашина марки BMW. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Феълан нисбат ба гумонбаршаванда тибқи моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сокини Исфараро кормандони милиса барои қаллобӣ боздошт намуданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, пулис дар асоси шикояти як сокини шаҳри Исфара марди 35 - соларо боздошт кард.
Гуфта мешавад, ҳодисаи қаллобӣ моҳи ноябри соли гузашта иттифоқ афтодааст.
Сотрудник правоохранительных органов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Боздошти корманди идораи зиндонҳо барои қаллобӣ дар Суғд
Манбаъ меафзояд, сокини маҳаллӣ ба боварии ҳамшаҳрии 34 - солаи худ даромада, хоҳишманди харид кардани мошини ӯ, тамғаи "БМВ-730" шуд.
Арзиши мошинро ҷонибҳо 85 ҳазор сомонӣ маслиҳат намуда буданд, вале бо гузашти қариб як сол соҳиби мошин маблағ аз фуруши худравашро дарёфт накард.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала