Нахустин пирӯзии тими "Помир" дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон

© Pixabay Футзал, архивное фото
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз баргузории даври дуюми Лигаи касбии футзал - 2021 хабар дод
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Доватлабони асосии медалҳои тилло – “Соро компания”-и Душанбе ва “Сипар”-и Хуҷанд дар бозии хонагӣ пирӯзӣ ба даст оварданд, иттилоъ дод Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, дар даври дуюм “Соро компания” ба дарвозаи “Пойтахт” 6 голи беҷавоб, “Сипар” ба дарвозаи “Истиқлол” 2 голи беҷавоб заданд.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Чор паҳлавони тоҷик, шоҳҷоизаҳои сабқати байналмилалии куштиро аз худ карданд
Манбаъ афзуд, барандаи медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистон дар мавсими 2019 – дастаи “Помир”-и Хоруғ аввалин пирӯзиашро дар мавсими нав ҷашн гирифт. Футболбозони “Помир” бар тими “Самандар” бо ҳисоби 3:1 ғолиб омаданд.
Дар даври аввал тими "Помир" аз "Соро компания" бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрда буд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, бо натиҷагирӣ аз ду даври лигаи касбии футзали Тоҷикистон - 2021, “Соро компания” ва “Сипар” бо шаш холӣ пешсафанд. Дар даври навбатӣ ин дастаҳо муқобили ҳам бозӣ мекунанд.
Кумита афзуд, ки дидори дастаҳо 3-юми июл дар Душанбе сурат мегирад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала