"Чӣ хел шумо? Нағз?" - навори пешвози Ҷабборов дар Ишқобод

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ вориди Ишқобод шуд
Дар пойтахти Туркманистон имрӯз маросими пешвози расмии кишвардори Қирғизистон баргузор шуд.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, президентро дар ин кишвар чӣ гуна истиқбол гирифтанд.
Қатори мошинҳои президент ба назди майдони Истиқлоли Ишқобод омада, ин ҷо президентро ҳамтои туркманаш Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пешвоз гирифт.
Зимни дидор президент бо Ҷабборов аҳволпурсӣ кард: "Как дела? Нормально?" (Чӣ хел? Нағз?), - пурсид Бердимуҳаммдов.
Гаҳе зери чатри Эрдуғону гаҳе зери борон: видеои истиқболи Ҷабборов дар Туркия - навор
Пас аз гузориши фармондеҳи қаровули фахрӣ сурудҳои миллии Қирғизистон ва Туркманистон садо дод.
Роҳбарони кишварҳо аъзои ҳайатҳои расмиашонро муаррифӣ карданд.
Маълум шуд, Ҷабборов пеш аз сафар ба Тоҷикистон бо кӣ мулоқот мекунад
Пасон, кишвардорон ба суҳбати рӯ ба рӯ пардохтанд.
Ёдрас мешавем, ки президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов пас аз мулоқот бо ҳатмои туркманаш бояд аз Тоҷикистон боздид кунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала