Чаро Рамазон Раҳимзода ба ду корманди прокуратураи шаҳри Хуҷанд медал дод?

© Sputnik / Амир ИсаевМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон ду корманди прокуратураи шаҳри Хуҷандро бо медалҳо кадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Ахиран бо фармони вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода Авазҷон Назарзода, прокурори шаҳри Хуҷанд ва Беҳруз Қурбонзода, ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, бо медалҳои “Барои ҳамкорӣ”, бо ВКД Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд.
Гуфта шудааст, ки мукофотҳои мазкур аз ҷониби полковники милитсия Эмин Ҷалилзода, муовини сардори РВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳузури сардори Шуъбаи амнияти дохилии РВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Бахтиёр Сатторзода, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода ва кормандони прокуратураи шаҳри Хуҷанд ба Авазҷон Назарзода, ва Беҳруз Қурбонзода тақдим карда шуд.
Начальник управления МВД по Согдийской области назначен генерал-майор милиции Абдулло Навджувонов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2020
Генерал Навҷувонов милисаи сермутолиаи Суғдро қадрдонӣ кард
Эмин Ҷалилзода, муовини сардори РВКД ҶТ дар вилояти Суғд зимни тақдими медалҳо, таъкид доштааст генерал Рамазон Раҳимзода ба фаъолияти назарраси кормандони прокуратураи шаҳри Хуҷанд, бахусус роҳбарияти он дар самти мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, хосса ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохила баҳои баланд дода, онро намунаи олии ҳамдилии мақомоти корҳои дохилӣ ва мақомоти прокуратура дар ҳамагуна самти фаъолияти корӣ унвон намудааст.
Қайд карда шудааст, ки фаъолияти ҳамгироии прокуратураи шаҳр бо мақомоти корҳои дохилӣ баҳри ошкор ва пешгирии ҷиноятҳои муташаккил ва рӯзмарра мусоидат намудааст.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда низ ҷонибҳо барои беҳтар намудани фаъолият дар самти таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирӣ, ошкор намудан ва кушодани ҷиноят, дигар ҳуқуқвайронкуниҳо ва тартиботи ҷамъиятӣ талош хоҳанд намуд.
Двое парней из Таджикистана спасли местных жителей от пожара в жилом доме в Ленинградской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2021
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду тоҷикро барои наҷоти одамон аз оташ қадрдонӣ кард
Манбаъ таъкид доштааст, ки Авазҷон Назарзода зимни суханрониаш таъкид доштааст, ки мақомоти прокуратура бояд ҳамкориҳоро бо мақомоти корҳои дохилӣ дар оянда низ тақвият бахшида, дар мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таҳдиду хатарҳои замони муосир дар ҳамбастагию якҷоягӣ фаъолият намоянд.
Ҳамзамон масоили ҳамкориҳоро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, сепаратизм, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, мубодилаи иттилооти оперативӣ ва дигар ҷанбаҳои фаъолият тақвият дода хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0