Содир Ҷабборов аз Туркманистон ба Тоҷикистон парвоз кард

© POOL / Гузариш ба медиабонкПрезидент Кыргызстана Садир Жапаров
Президент Кыргызстана Садир Жапаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон парвоз кард
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Сафари кишвардори Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Туркманистон ба поён расид ва ӯ ба Тоҷикистон парвоз кард, хабар медиҳад хадамоти матуотии раисиҷумҳури Қирғизистон.
Ҷабборов дар ин сафар бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот мекунад. Интизор меравад, ки президентҳо ба мавзуи марз дахл кунанд.
"Ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфтааст маъмурияти президенти Қирғизистон.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд.
"Чӣ хел шумо? Нағз?" - навори пешвози Ҷабборов дар Ишқобод
Гуфта мешуд, даъват бо камоли майл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон пазируфта шуд.
Лентаи хабарҳо
0