Тими Тоҷикистон ба даври чорякниҳоии Ҷоми Миллатҳои Араб баромад

© аз сомонаи ФФТТими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон
Тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон – “U-19” бар дастаи Ҷибути бо ҳисоби бузург пирӯз шуд.
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Тими ҷавонони Тоҷикистон дастаи Ҷибутиро бо ҳисоби 5:0 шикаст дода, ба даври чорякниҳоии Ҷоми Миллатҳои Араб – 2021 баромад, хабар додааст Федератсияи футболи ҷумҳурӣ.
Ба иттилои ФФТ, дар ҳайати дастаи Тоҷикистон, Абдулфаттоҳ Худойдодзода дубл иҷро кард. Кабир Салимшоев, Салам Ашӯрмамадов ва Фахриддин Аҳтамов якголӣ заданд.
Манбаъ афзуд, дар вохӯрии дигар дар гурӯҳи B дастаи Марокаш ба дарвозаи тими миллии Аморати Муттаҳидаи Араб чаҳор голи беҷавоб фиристод.
Футзал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Нахустин пирӯзии тими "Помир" дар Лигаи касбии футзали Тоҷикистон
Ҳамин тариқ, дастаҳои мунтахаби Марокаш ва Тоҷикистон аз гуруҳи "В" ба даври чорякниҳоӣ баромаданд.
Дар даври чорякниҳоӣ мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) рӯзи сешанбеи 29 июн бо тими миллии Миср, ки дар гурӯҳи "А" бартарӣ дошт, бозӣ мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки дар маҷмӯъ 16 дастаи ҷавонон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар чор гурӯҳ дар Ҷоми Миллатҳои Араб-2021 дар Миср ширкат меварзанд. Тибқи қоида, дар поёни марҳилаи гурӯҳӣ аз ҳар гурӯҳ танҳо ду даста ба плей-офф роҳ меёбанд. Бозии ниҳоӣ рӯзи 6 июл ба нақша гирифта шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала