Ӯзбекистон содироти мошинро зиёд кард: Тоҷикистон ҳам харидаст

CC BY 2.0 / Emilio Labrador / Car Sales USAАвтомобили, архивное фото
Автомобили, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон маблағи содироти мошинҳои истеҳсоли дохилиро дар панҷ моҳи аввали соли равон ҳудуди 135 миллион доллари амрикоӣ гуфтааст
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи омор, дар моҳҳои январ-майи соли 2021 Ӯзбекистон ба маблағи 134,9 миллион доллар мошин содир кардааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 84,6 миллион доллар зиёд шудааст.
Кишварҳои асосие, ки Ӯзбекистон ба он мошин содир мекунад, ин Қазоқистон мебошад.
Ба иттилои Кумитаи омор тайи панҷ моҳи соли равон Қазоқистон аз Ӯзбекистон ба маблағи 127,1 миллион доллари амрикоӣ мошин гирифтааст.
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
Мулоқоти Аҳмадзода бо ноиби сарвазири Ӯзбекистон
Афғонистон ба маблағи 2,7 миллион доллар, Украина - 2,3 млн, Қирғизистон – 1 миллион, Русия - 955,9 ҳазор, Озарбойҷон - 444,7 ҳазор ва Тоҷикистон ба маблағи 339,1 ҳазор доллар аз Ӯзбекистон мошин гирифтааст.
Таъкид шудааст, ки танҳо дар моҳи майи соли 2021, Ӯзбекистон ба маблағи 22,5 миллион доллар мошин содир кардааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳадаф гузоштаанд, ҳаҷми додугирифти мол миёни ду кишварро ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала