Пазироӣ ба забони қирғизӣ: нашри навори пешвози Ҷабборов дар Тоҷикистон

Духтарони тоҷик ба президенти Қирғизистон гулдаста додаву хушомадед гуфтаанд
Навори пешвози раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, ки бо сафари корӣ, имрӯз, 28 июн вориди Душанбе шуд, нашр гардид.
Тавре дар он дида мешавад, ба пешвози Ҷабборов, нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баромадааст.
Духтарони тоҷик, ки ба президент гулдаста додаанд, Ҷабборовро бо забони қирғизӣ пазироӣ мекунанд.
"Раисҷумҳури мӯҳтарам, ба сарзамини Тоҷикистон хуш омадед", - қайд мекунад яке аз гулдухтарон.
Ҷабборов ба Тоҷикистон омад: Расулзода ӯро пешвоз гирифт
Ҷабборов дар ин сафар бо кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидору мулоқот мекунад.
"Ҷонибҳо самтҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла масъалаҳои марзи давлатии Қирғизистон ва Тоҷикистонро баррасӣ хоҳанд кард", - гуфтааст маъмурияти президенти Қирғизистон.
Қаблан пас аз муноқишаи марзӣ 30 апрел зимни гуфтугӯи телефонӣ Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват карда буд ва раисиҷумҳури Қирғизистон ин даъватро пазируфт.
Сафари Ҷабборов ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки муносибати Душанбе ва Бишкек сард шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала