Занони футболбози эронӣ пеш аз сафар ба Тоҷикистон аз озмоиши корона гузаштанд

© Sputnik / Mazyar AsadiИранская болельщица на Чемпионате мира по футболу
Иранская болельщица на Чемпионате мира по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Обуна шудан
Мусобиқаи байналмилалии духтарони CAFA дар Душанбе баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Занони футболбози эронӣ пеш аз сафар ба Тоҷикистон аз озмоиши коронавирус гузаштанд, хабар медиҳад "Парс тудей".
Бино ба иттилои манбаъ, аъзои тими миллии футболи духтарони навҷавони Эрон, ки рӯзи сешанбе ба манзури ҳузур дар мусобиқоти CAFA роҳии Тоҷикистон хоҳанд шуд, дар озмоиши корона ширкат карданд.
Гуфта мешавад, аъзои тими футболи навҷавон имрӯз тести корона доданд ва пас аз эъломи натоиҷ рӯзи сешанбе Теҳронро ба мақсади Душанбе пойтахти Тоҷикистон тарк мекунанд.
Женский футбол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.06.2021
Ҳарифони тими футболи бонувони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё - 2020 маълум шуд
Мусобиқаи байналмилалии духтарони CAFA дар Душанбе бо ширкати дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон дар Душанбе баргузор мешавад.
Дастаи мунтахаби футболи ҷавонондухтарони Эрон дар даври охирини мусобиқаи CAFA тавонистанд унвони қаҳрамониро ба даст оваранд ва акнун умедвор аст, ки дар мусобиқаи оянда унвони қаҳрамонии худро ҳифз мекунанд.
Ёдрас мешавем, анҷумани футболи Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2014 таъсис ёфтааст, ба яке аз панҷ минтақаи Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) шомил аст.
CAFA федеросиюнҳои футболи шаш кишвар – Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Эронро муттаҳид месозад.
Лентаи хабарҳо
0