Афзоиши теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар Русия

© Sputnik / Сергей Пивоваров / Гузариш ба медиабонкПосадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан
Посадка на вывозной поезд из Ростова-на-Дону в Узбекистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Теъдоди муҳоҷирони депортшуда дар қиёс бо соли гузашта афзудааст
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар давоми се моҳи аввали соли 2021 аз Русия 1345 шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ депорт карда шуданд, хабар медиҳад, "Известия" бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии кишвар.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилии Русия, дар ҳамин давраи соли 2020 ин рақам тақрибан 1139 нафарро ташкил додааст. Инчунин хабар дода мешавад, ки дар панҷ моҳи соли равон 27,8 ҳазор муҳоҷир иҷозатномаи кор гирифтаасту беш аз 538 ҳазор муҳоҷир соҳиби патент шудааст.
Строительство Деревни Универсиады-2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2021
Муҳоҷирон муваззаф мешаванд, ки дар Русия "некхоҳ" бошанд
Ба гуфти раиси комиссияи Палатаи ҷамъиятӣ оид ба ҳамоҳангсозии муносибатҳои байни миллатҳо ва динҳо, муовини якуми раиси Шӯрои Ассамблеяи халқҳои Русия Владимир Зорин, ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ, як чораи мантиқӣ ва дуруст аст.

"Мо бояд барои он шароит фароҳам кунем, ки ба кишвари мо ашхоси лозима ба иқтисод, ки дорои тахассуси муайяне ҳастанд, биёянд. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки онҳо қонунҳои моро вайрон накунанд", - таъкид кард, коршинос.

Ҳамзамон, Зорин қайд кард, ки Русия ба нерӯи корӣ ниёз дорад, чун талош мекунад, иқтидори саноатӣ ва нишондиҳандаҳои иқтисодии худро баланд бардорад.
Ситуация у миграционного центра в Подмосковье - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Навгонӣ то соли 2025: Русия ба муҳоҷирони қонунӣ ниёз дорад
Коршинос афзуд, ки дар Федератсияи Русия бояд низоми муайяни интихоби муҳоҷирон эҷод карда шавад; дар назди давлат инчунин вазифаи ҳамгироии шаҳрвандони хориҷӣ ба фарҳанги Русия гузошта шудааст.
Ҳамзамон Зорин қайд кард, ки тиҷорати бузург "кадрҳои боқуввати хориҷиро намехоҳад".

"Мо кӯшиш кардем, ки ҷалби одамонро - бо тартиби забондонӣ, муоинаи тиббӣ ба роҳ монем. Аммо ин кор то ҳол натиҷа намедиҳад", - хулоса кард ӯ.

Леонид Калашников, раиси Кумитаи Думаи давлатӣ оид ба корҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва робита бо ҳамватанон мавқеи дигар дорад.
Мигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия муайян шуд
Ба гуфти ӯ, бояд ҳамаи касбҳоро бонуфуз кард, то сокинони Русия низ барои ин корҳо ҳавасманд бошанд. Ва барои ин, таъмин кардани фаррошон ва кӯчарӯбҳо бо манзили хидматӣ хуб мебуд.
ВКД Русия гуфт, муҳоҷирони кадом кишварҳо нисбати фарзандони худ масъулиятнок ҳастанд
Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли 2021 Владимир Путин фармонро дар бораи тамдиди будубоши муваққатии муҳоҷирон дар Русия имзо кард.
Дар ин фармон омадааст, ки то 30 сентябри соли равон хориҷиён ҳақ доранд, ҳузурашонро қонунӣ кунанд ва ба онҳо депорт таҳдид намекунад.
Лентаи хабарҳо
0