Аз афзоши хушунату даргириҳо то гуфтугӯҳои сулҳ: дидори Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо Ҳомид Карзай

© Sputnik / Амир ИсаевПредседатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Раиси мусолиҳаи миллии Афғонистон бо раисҷумҳури пешини ин кишвар дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, ахиран бо Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини ин кишвар ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар, вазири умури хориҷӣ дидор кард, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин дидор ду тараф дар мавриди гуфтугӯҳои сулҳ, сафари ахири ҳайати баландпояи Афғонистон ба ИМА, афзоиши хушунатҳо, даргириҳо дар ин кишвар ва иҷмои сиёсӣ дар вазъияти кунунӣ баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки рӯзи ҷумъаи гузашта раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден бо раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллӣ дар Кохи Сафед мулоқот кард.
Министр Обороны Афганистана Бисмилла Мухаммади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Муҳаммадӣ ба Толибон: ҷанг роҳи ҳалл нест, бояд Ватанро аз ин бадбахтӣ наҷот диҳем - видео
Ёдовар мешавем, ки тайи 15 рӯзи гузашта дар Афғонистон дар чор минтақаи наздимарзӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангиёни Ҳаракати радикалии Толибон* (дар Русия мамнӯъ) бархӯрд ба амал омадааст. Ҳашт ноҳия ва ду посгоҳи марзӣ таҳти назорати ҷангиён гузаштанд.
Ҳамин тавр, рӯзи 21 июн як гурӯҳи Толибон* ба гузаргоҳи Шерхон-Бандар дар вилояти Қундуз ҳамла кард. Шумораи умумии низомиёни афғон (маҷрӯҳ, кушта ё асир афтода) ба 100 нафар расид. 134 нафари дигар пас аз задухӯрдҳои шадид 22 июн ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гузаргоҳи Панҷ фирор карданд, ки миёнашон чаҳор захмӣ ва як ҳалокшуда буд.
Бо пуршиддат шудани вазъ дар Афғонистон, артиши Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон хидмат мекунад, ба режими махсуси фаъолият гузаронида шуд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала