Беборишу гарм: пешгӯии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПарк имени Кира Великого в Душанбе
Парк имени Кира Великого в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон ҳавои беборишу гармро пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ғарби вилоят рӯзона 28+33 ва шабона 9+14 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ бошад рӯзона 12+17 ва шабона 0+5 дараҷа гарм шудани ҳаво дар назар аст.
Ҳавои вилояти Суғд низ бебориш мешавад. Дар баъзе минтақаҳо бод бо суръати 12-17 метр дар як сония хоҳад вазид. Рӯзона дар вилоят ҳаво 35+40 ва шабона 18+23 дараҷа тафсон хоҳад шуд.
Дар Хатлон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш аст. Шиддати шамол дар як сония то 10-15 метр хоҳад расид. Рӯзона 37+42 ва шабона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 19+21 ва рӯзона 37+39 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0