Боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия барои фуруши героин

© Фото предоставлено Федеральной службой РФ по контролю за оборотом наркотиков Партия наркотиков
Партия наркотиков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи минтақаи Красноярски Русия роҳи қочоқи маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русияро бастанд
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар қаламрави Красноярски Русия аъзои як гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро, ки аз шаҳрвандони Тоҷикистон иборат будааст, боздошт карданд, хабар медиҳад сарраёсати ВКД Русия дар ин минтақа.
Тибқи иттилои манбаъ, маълум шуд, ки синни шахсони боздоштшуда аз 20 то 27 солро ташкил медиҳад. Онҳо қасд доштанд героинро дар қаламрави Красноярск фурӯшанд.

"Полис муайян кард, ки ду зодаи Тоҷикистон, ки дар манзилҳои иҷора дар маркази вилоят зиндагӣ мекарданд, маводи мухаддирро дар хона нигоҳ доштаву бастабандӣ менамуданд", - хабар медиҳад раёсати Вазорати корҳои дохилии Красноярск.

Онҳо тасмим гирифтанд, ки героинро ба таври фосилавӣ тариқи интерент-мағоза бо истифода аз сервиси мубодилаи паёмакҳои фаврии яке аз паёмрасонҳои интернетӣ, фурӯшанд.
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2021
Боздошти шаҳрванди Тоҷикистон дар Ӯзбекистон барои қочоқи маводи мухаддир - видео
Ҷинояткоронро кормандони милитсия ҳангоми амалиёти махсус боздошт карданд. Дар худрави онҳо 190 бастаи маводи мамнӯъ дарёфт ва мусодира гардид.
Дар хонаи онҳо боз 470 бастаи дигар пайдо шуд. Ғайр аз он, ба полис муяссар шуд, ки 80 бастаи маводи мухаддирро, ки барои фурӯш пешбинӣ шуда буданд, мусодира кунад.
Дар маҷмӯъ 720 грамм ҳероин мусодира карда шуд, ки арзиши он дар бозори сиёҳ ба 2 миллион рубл мерасад.
Нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон парванди ҷиноӣ дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир оғоз карда шудааст.
Гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон тибқи қавонини Русия метавонанд ба мӯҳлати 20 сол зиндон шаванд. Айни замон тафтишоти ин қазия идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала