Ҷабборов Раҳмонро ба Қирғизистон даъват кард

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент Кыргызстана Содир Джабборов
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми сафари ҷавобӣ ба Қирғизистон даъват шуд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмонро ба Қирғизистон даъват кард.
Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ҳамчунин Содир Ҷабборов аз меҳмоннавозии гарми ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос кард.

"Президенти Қирғизистон ба Президенти Тоҷикистон барои меҳмоннавозӣ ва пазироии гарм изҳори сипос намуда, аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки бо сафари расмии ҷавобӣ ба Қирғизистон ташриф орад", - омадааст дар хабарнома.

Дар музокироти олӣ, ки наздики 7 соат идома кард, президентҳо масоили марзӣ, амният, сайёҳӣ, фарҳанг ва рӯзномаҳои минтақавию байналмилалиро баррасӣ карданд.
Церемония официальной встречи главы страны Садыра Жапарова и президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Ҷабборов дар назди Қасри миллат даст пеши бар гирифту суруди миллӣ замзама кард - видео
Ҳамчунин, ҷонибҳо барои роҳ надодан ба пайдоиши низоъҳои марзӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, риояи уҳдадориҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалиро зарур донистанд.
Кишвардорон дар масъалаи аломатгузории марз пешниҳод карданд, ки он бо дарназардошти манфиатҳои ду кишвар ва ҳалли масоили бамиёномада танҳо тавассути роҳҳои осоишта ва усулҳои сиёсию дипломатӣ ҳал карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0