Ҷоизаҳои адабӣ ба номи Айнӣ ва Турсунзода соҳибони худро ёфтанд

© Depositphotos / IrochkaЛежащие на книжной полке открытые книги
Лежащие на книжной полке открытые книги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Ду нависанда, як адабиётшинос, се шоир ва як мунаққид дар Тоҷикистон ба гирифтани ҷоизаҳо сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Номи гирандагони ҷоизаҳои адабӣ ба номи устод Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода маълум шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
Ба иттилои манбаъ, аз миёни нависандагон ба гирифтани ҷоиза Қодири Рустам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор ноил шуданд. Ҳамчунин шоирон Абдуҷабборои Суруш, Хайрандеш ва Толиби Луқмон низ ба ин ҷоиза мушарраф гардиданд.
Илова бар ин, адабиётшинос Муртазо Зайниддинов ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барандагони Ҷоизаҳои адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар соли 2020 гардиданд.
Книга, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.06.2021
Аввалин ҷилди "Куллиёт" - и Садриддин Айнӣ чопи академӣ шуд
Гуфта мешавад, нависанда Қодири Рустам барои тарҷумаи романи “Бозгашт ба Панҷрӯд”-и нависандаи рус Андрей Волос, Абдуғаффори Абдуҷаббор барои тарҷумаи романи “Сад соли танҳоӣ”-и Габриэл Гарсиа Маркес, Муртазо Зайниддинзода барои силсилаи мақолаҳояш доир ба адабиёти муосир барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ гардидаанд.
Шоир Хайрандеш барои девони ғазалиёти “Ҳамешабаҳор”, Абдуҷаббори Суруш ва Толиби Луқмон барои силсилаи ашъор ва мунаққид Муҳриддин Сабурӣ барои силсилаи мақолоташ доир ба нақди шеъри муосир сазовори Ҷоизаи адабии ба номи МирзоТурсунзода шуданд.
Соли равон ба ин ду ҷоизаи Иттифоқи нависандагон носирон Давлатшоҳи Тоҳирӣ ва Сипеҳр Абӯабдуллоҳи Ҳасанзод низ пешбарӣ шуда буданд, ки ноком гардиданд.
Мавриди ёдоварист, ки ин ду ҷоизаи адабӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як маротиба ба адибон дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала