Коршиноси чинӣ: Маскав обрӯи Вашингтонро мерезонаду ИМА-ро ба зону мегузорад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксДенежные купюры. Архивное фото
Денежные купюры. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Таҳримҳои Амрико ба Русия дигар таҳдид намекунанд: ин кишвар барои коҳиш додани нуфузи ИМА қадамҳои қатъӣ мегузорад
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Тасмими Русия барои коҳиш додани вобастагии худ аз доллар як тамасхур ва беэътиноӣ ба Амрико мебошад. Дар ин бора ба рӯзномаи Huánqiú Shíbào Чен Йтсзюн, корманди илмии Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин изҳор доштааст.
Ба гуфтаи коршинос, даст кашидани Маскав аз доллар Вашингтонро дар ҳолати ногувор қарор медиҳад ва онро дар назди ҳампаймонаш шарманда хоҳад кард. Дар ниҳоят, бо даст кашидан аз пули амрикоӣ, Русия метавонад худро аз таҳримҳои иқтисодӣ ҳимоят намояд.
Чен Йтсзюн қайд кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия борҳо дар мавзӯи коҳиш додани гардиши доллар дар Русия гуфта буд. Ҳамин тавр, дар оғози давраи чаҳоруми президентии худ дар соли 2018 вай гуфт, ки инҳисори доллар на танҳо ноустувор, балки хатарнок низ мебошад.
Купюры долларов в унитаз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Истифодаи доллар ҳамчун воситаи сиёсӣ эътимоднокии онро заиф мекунад. Илова бар ин, нақши доллар ҳамчун як пули захиравии ҷаҳонӣ коҳиш меёбад, гуфт раҳбари Русия зимни Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Санкт-Петербург.
Чен Йтсзюн ба иқдомҳои қатъии Маскав барои коҳиш додани гардиши доллар дар кишвар таваҷҷӯҳ кард. Яке аз ин иқдомҳо кам кардани захираҳои асъори ИМА дар Бунёди миллии сарвати Русия аз 35 то 0% ва афзоиши евро, юан ва тилло мебошад.
Дар ҳолати зарурӣ, Русия инчунин ба корхонаҳои давлатӣ супориш медиҳад, ки пардохтҳои хориҷии худро пурра ба евро гузаронанд, таъкид кард Йтсзюн.
Ба гуфтаи мутахассис, раванди даст кашидани Русия аз доллар таъсири назаррас нахоҳад дошт, зеро вазъи рубл устувор боқӣ хоҳад монд.
Айни замон, ҳаҷми савдои мустақими Русия ва ИМА ночиз аст ва шарикони асосии Маскав дар ин самт Чин ва Аврупо мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала