"Одам болои одам": навбатпоӣ ва "шиносбозӣ" барои ваксингирӣ дар Хуҷанд

© Гурӯҳи фейсбукии "Ман Хуҷандро дӯст медорам"Навбат барои ваксинзанӣ дар Хуҷанд
Навбат барои ваксинзанӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Дар шаҳри Хуҷанд сокинон барои гирифтани ваксин навбат меистанд
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз навбатпоӣ барои ваксинзанӣ дар дармонгоҳи рақами 4-и шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ кардаанд.
Тавре маъмурони гурӯҳи фейсбукии "Ман Хуҷандро дӯст медорам" навиштаанд, дар ин поликлиника мардум бидуни риояи қоидаҳои беҳдошт назди утоқи ваксингузаронӣ навбат мепоянд.
Ба гуфтаи онҳо, ҳатто ҳолатҳои "шиносбозӣ" низ ба назар мерасад.
Ҷонибек Муродов, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Таваккал бар Худо гуфту эм кард: навори ваксингирии Ҷонибек ва дуои ӯ дар ҳаққи мардум
"3-юм ошёнаи поликлиникаи 4, одам болои одам. Сардухтурашон буд, шояд, як зани пизишк, шиносҳои худашро ба дигар утоқ дароварда, ваксина мегузаронид", - афзудаанд корбарон.
Изҳори нигаронӣ аз он карда мешавад, ки риоя накардани фосила ҳангоми ваксингузаронӣ метавонад боиси паҳн шудани коронавирус гардад.
"Намешавад, ки дар 1-ум ошёна ташкил карда, як нафар - як нафар дароранд.Одами солим ҳам дар ин навбатпоӣ бемор шуданаш аз эхтимол дур нест. Илтимос, ба нафарони мутасаддӣ расонед", - хоҳиш кардааст нафаре.
Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар Хуҷанд барои эмкунии сокинон 45 гурӯҳи иборат аз пизишкону ҳамшираҳои шафқат баъди омӯзиши махсус ташкил карда шуд.
Дар Тоҷикистон ҳоло ду ваксин дастрас аст ва афроди аз 18 - сола боло бо ин ваксинҳо эмгузаронӣ мешаванд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то рӯзи 27 июн дар ҷумҳурӣ 205 619 нафар бо ваксинҳои AstraZeneca ва CoronaVac эм карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала