Пешниҳоди сабти қалъаи Ҳисори Тоҷикистон дар феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО

CC BY 2.0 / Ninara / Hissar Fortress, Dushanbe, TajikistanТуристы в городе Гиссар в Таджикистане
Туристы в городе Гиссар в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Қалъаи Ҳисор — ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад.
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қалъаи Ҳисори Тоҷикистонро ба феҳристи осори ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод карданианд.
Ин иқдом аз ҷониби ширкаткунандагони ҳамоиши "Кӯдакони ИДМ" садо додааст.
Ширкаткунандагони ҳамоиши “Кӯдакони ИДМ” пешниҳод карданд, қалъаи Ҳисори Тоҷикистон ба феҳристи асори ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт шавад.
Донишомӯзони ширкаткунанда дар ҳамоиши байналмилалии фарҳангӣ ва омӯзишӣ, дар мавриди мероси фарҳангии кишварҳои худ суҳбат карданд.
“Кӯдакони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки аз 20 то 29 июн дар Санкт–Петербург идома дорад.
Фестиваль Чакана в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.09.2019
Савдои гарм: ифтитоҳи нахустин бозори минтақавӣ дар Қалъаи Ҳисор
Намояндагоне аз кишварҳои Беларус, Қирғизистон, Молдова, Русия ва Тоҷикистон дар ин нишаст ҳузур доранд.
Дар ин нишаст пас аз суханронии кӯтоҳ дар мавриди таърихи Созмони Милал ва ЮНЕСКО, донишомӯзон ба гурӯҳҳои мухталифе тақсим шуданд ва ҳар як аз онҳо бояд гузорише дар бораи вазъияти фарҳангии кишварҳои худ таҳия кунанд.
Онҳо ҳамчунин бояд роҳкорҳое низ барои ҳифзи арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва мазҳабии кишварҳо ироа кунанд.
Қалъаи Ҳисор — ёдгории таърихӣ-фарҳангӣ дар ноҳияи Ҳисор аст. Қалъаи Ҳисор қисми таркибии Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор мебошад.
Ин қалъа ки ҳамакнун дар 5-километрии шимолу ғарбии шаҳри Душанбе қарор дорад, бозмонда аз ҳамон шаҳри Шумон аст, ки дар садаҳои XV—XVII мелодӣ — "Ҳисори Шодмон", яъне қалъаи Шодмон, номида мешуд.
Омодагиҳо барои таҷлил аз 3000-солагии қалъаи Ҳисор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.08.2015
Қалъаи Ҳисор дар асоси бозёфтҳои археологӣ бозсозӣ шуд
Бар асари касрати талаффуз "Шодмон" аз он афтоду "ҳисор" монд ва исми хос — Ҳисор — гашт. Кӯҳандижи Ҳисор, ки бо номи Қалъаи Ҳисор маъруф аст, ёдгории даврони Пешдодиён буда, болои қалъа аз се қисм иборат аст. Қисми баландии он қароргоҳи беку амирон, қисми дуюм, яъне поёнӣ — уштурхона ва қисми асосии онро аскархона ташкил медиҳад.
Атрофи Қалъаи Ҳисор бо девори баланди кунгурадори муҳофизатӣ иҳота шуда, баландиаш аз сатҳи болои қалъа 3,5 метр, рӯйи девор 10 метр паҳнӣ доштааст. Аз макони бекнишин тамоми ноҳияи Ҳисор чун кафи даст ба чашм метобад.
Ба Қалъаи Ҳисор танҳо бо воситаи дарвоза даромадан мумкин будааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала