Путин бо Назарбоев дар Маскав мулоқот хоҳад кард

© Sputnik / Алексей Панов / Гузариш ба медиабонкПрезидент России Владимир Путин и президент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Президент России Владимир Путин и президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Дар ҷараёни мулоқот Путин ва Назарбоев масъалаҳои рушди шарикӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Русия ва Қазоқистонро баррасӣ хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Рӯзи 30 июн дар Маскав мулоқоти раҳбари Русия, Владимир Путин ва президенти нахустини Қазоқистон, Нурсултон Назарбоев баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти Кремл хабар додааст.
Маълум аст, ки сиёсатмадори қазоқ бо сафари корӣ ба Маскав меояд. Дар ҷараёни мулоқот Путин ва Назарбоев масъалаҳои рушди ҳамкориҳои ду кишвар ва инчунин таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстонаро баррасӣ мекунанд.
Ғайр аз ин, сиёсатмадорон ба масъалаҳои пешбурди равандҳои ҳамгироӣ дар фазои АвруОсиё, инчунин ба баъзе мавзӯъҳои мубрами байналмилалӣ дахл хоҳанд кард.
12 августа 2018. Президент РФ Владимир Путин и президент Казахстана Нурсултан Назарбаев (справа) во время встречи в рамках V Каспийского саммита в Актау - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2019
Нурсултон Назарбоев дар бораи шиносоӣ ва мулоқотҳо бо Путин
Ёдовар мешавем, ки президенти Русия ва собиқ сарвари Қазоқистон мунтазам мулоқотҳо баргузор мекунанд. Мулоқоти охирини Путин ва Назарбоев дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург, ки аввали моҳи июн баргузор гашта буд, доир шуд.
Илова бар ин, Путин ва Назарбоев саммитеро 10 марти соли 2020 баргузор карданд ва қабл аз он сиёсатмадори қазоқ дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи шаҳр дар Маскав ширкат варзид.
Лентаи хабарҳо
0