"Бе галстук": сайругашти шомгоҳии Раҳмон ва Ҷабборов дар Варзоб - видео

Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар Варзоб ҳамтои қирғизашро меҳмондорӣ кард
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Қирғизистон, Содир Ҷабборов дар дараи зебоманзари Варзоб сайру гашт карданд.
Чуноне хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ин вохӯрӣ дар истироҳатгоҳи "Баҳор" баргузор шуд.
Барномаи имрӯзи Раҳмону Ҷабборов дар Душанбе - аз мулоқоти як ба як то имзои чор санад
Президентҳо дар фазои ғайрирасмӣ "бидуни гарданбанд" гуфтугӯ карданд.
Дар ин дараи зебоманзар кишвардорон масъалаи рушди сайёҳиро баррасӣ намуданд.
Табиатро нишон доду сари дастархон нишонд: 9 акси сайри Раҳмону Ҷабборов дар Варзоб
Ҳамчунин, кишвардори Тоҷикистон ба раисиҷумҳури Қирғизистон табиати зебои кишварро нишон дод.
Лентаи хабарҳо
0