Раҳмон музокироти ҳафтсоата бо Ҷабборовро хулоса кард: президентҳо дар бораи чӣ гуфтанд?

© Пресс-служба президента КыргызстанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Маълум шуд, ки президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон паси дарҳои баста дар бораи чӣ сӯҳбат карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон музокироти хосаро бо сарвари Қирғизистон Содир Ҷабборов ба анҷом расонд.
Суҳбати рохбарони ҷумҳуриҳо тақрибан 7 соат давом кард.
Дар поёни музокирот Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки мавзӯи асосӣ ҳалли масъалаҳои марзӣ буд. Ғайр аз ин, онҳо дар бораи муноқиша байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар охири моҳи апрел сӯҳбат карданд.
"Он замон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва азоб кашиданд. Ба аҳолӣ зарари маънавӣ ва миллӣ расонида шуд. Аз ин рӯ, мо, пеш аз ҳама, фикр кардем, ки чӣ гуна эътимодро байни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ барқарор кунем", - гуфт Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар назди хабарнигорон.
Ҷонибҳо инчунин ба кори комиссияи делимитатсия ва демаркатсияи қитъаҳои баҳсии сарҳад баҳои баланд доданд ва андешаи худро ба тарафдории идомаи кори гурӯҳҳо оид ба баррасии масъалаҳои марбут ба истифодаи захираҳои об баён карданд.
Раҳмон илова кард, ки бо Ҷабборов ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва мавзӯи тағирёбии иқлимро низ баррасӣ кардааст.
"Мо обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказиро баррасӣ кардем. Музокирот нишон дод, ки тавассути муколама ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд, бо дарназардошти тавозуни манфиатҳои миллӣ, тадриҷан ҳалли ҳама масъалаҳо имконпазир аст", - хулоса кард президенти Тоҷикистон.
Президент Кыргызстана Содир Джабборов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Ҷабборов Раҳмонро ба Қирғизистон даъват кард
Маълум аст, ки пас аз мулоқот ҷонибҳо ду созишнома оид ба ҳамкорӣ - дар соҳаи нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва байни оҷонсиҳои хабарии "Ховар" ва "Кабар" -ро ба имзо расониданд.
Инчунин, Тоҷикистон ва Қирғизистон меморандумҳо оид ба сиёсати ҷавонон ва хизмати давлатиро ба имзо расониданд.
Ёдовар мешавем, ки сарвари Қирғизистон Содир Ҷабборов рӯзи 28 июн бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омада буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала