Аз рублу доллар то евро: эълони қурби асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкКурс иностранной валюты
Курс иностранной валюты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Имрӯз дар бозори арз қурби рубл ва евро нисбат ба сомонӣ боло рафтаву доллар бошад устувориро нигоҳ медорад
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тибқи иттилои БМТ, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1566 сомонӣ нишон дода шудааст, дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта он ба 0.1566 баробар буд.
Қурби доллар бошад, ҳамоно устувориро нишон медиҳад ва тибқи нишондоди БМТ 1 доллар 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамзамон тибқи иттилои БМТ, қурби асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ дар ҳоли шинокунанда қарор дошта, аввали моҳи ҷорӣ ба нишондиҳандаҳои рекордӣ боло рафт, аммо ҳафтаи гузашта якбора чанд зина беқурб шуд ва тайи чанд рӯзи ахир каме боз майли гаронӣ дорад.
Дар Тоҷикистон имрӯз як евро муодили 13.5331 сомонӣ аст.
Монеты номиналом один рубль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2021
Парвози баланд: қурби рублро то тирамоҳ чӣ интизор аст
Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои қарзии Тоҷикистон барои 1 доллар аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, барои 1 евро аз 13.5331 то 13.7000 ва барои 1 рубл аз 0.1566 то 0.1585 сомонӣ муқаррар шудааст.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон қонуншиканӣ ҳисобида мешавад, ки ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0