Тоҷикистон қоидаҳои вуруд ба кишварро шадидтар мекунад

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Дар Тоҷикистон чораи нави пешгирии паҳншавии коронавирус ҷорӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Дар Тоҷикистон барои ҳамаи онҳое, ки аз хориҷ меоянд, худҷудоии серӯза ҷорӣ карда мешавад. Рӯзи гузашта чанд расонаи минтақавӣ бо такя ба манбаъҳояшон дар ин бора гузориш доданд.
Ин маълумотро ба РИА Новости дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ тасдиқ карданд.
Барои пешгирии паҳншавии коронавирус чораи нав лозим аст. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки ҳангоми расидан ба Тоҷикистон ҳама аз озмоиши коронавирус мегузаранд.
Жители города Душанбе в защитных масках на улице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Мавҷи дуюми коронавирус дар Тоҷикистон: охирин хабару гузоришҳо
Омори нави вазорат аз гирифторӣ, шифо ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон
Аммо ҳама, новобаста аз натиҷаи санҷиш ва мавҷуд набудани нишонаҳо, ба худҷудоӣ фиристода мешаванд.
Сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ, Наврӯз Ҷаъфаров рӯшан кард, ки ин тадбир хусусияти машваратӣ дорад.

"Ҳангоми расидан ба кишвар, ҳамаи мусофирон бояд аз ташхиси коронавирус гузаранд, аз ҷумла онҳое, ки аллакай ваксина гирифтаанд", - гуфт ӯ дар суҳбат бо ТАСС.

Ёдовар мешавем, ки коронавирус 21 июни соли 2021 ба Тоҷикистон баргашт. Пас аз як ҳафта, шумораи гирифторони мавҷи дуюми COVID-19 аз сад гузашт. Мақомот мегӯянд, ҳанӯз марг аз ин беморӣ сабт нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала