Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ба даҳҳо миллион доллар созишнома имзо карданд

CC BY 2.0 / Daniel_Afanador / The World BankЗдание Всемирного банка, архивное фото
Здание Всемирного банка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Маблағи умумии созишномаи баимзорасида 35 миллион долларро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 29 июн - Sputnik. Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ба даҳҳо миллион доллар созишнома имзо кард. Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст.
Ин созишномаҳо маблағгузории лоиҳаҳои "Навкунии низоми миллии омор", "Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)", "Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)", "Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал" - ро дарбар мегирад.

Тибқи иттилои Вазорати молия, созишномаи лоиҳаи "Навкунии низоми миллии омор" ба маблағи умумии 10 миллион доллари амрикоии грантӣ ба имзо расонида шуд.

Маблағҳои ҷалбгардида барои навсозии раванди таҳия ва паҳн намудани маълумоти оморӣ, инчунин васеъ намудани иштироки истифодабарандагони маълумоти оморӣ равона мегардад.
Комбайны собирают урожай пшеницы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2021
Бонки ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзии Тоҷикистон 58 миллион доллар медиҳад
Ҳаҷми маблағи Лоиҳаи "Мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ, марҳилаи 2 (маблағгузории иловагӣ)" 6 миллион доллари амрикоии грантиро ташкил медиҳад.
Он барои баланд бардоштани самаранокӣ, назорат ва ҳисоботдиҳии қисмати хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.
Маблағи умумии Лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот (маблағгузории иловагӣ)" 10 млн доллари амрикоии грантӣ мебошад.
Тоҷикистон бо кумаки созмонҳои байналмилалӣ бахши кишоварзиро устувор хоҳад кард
Ҳадаф аз татбиқи Лоиҳаи мазкур таъмини дастрасӣ ба неруи барқ дар маҳалҳои аҳолинишин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон, инчунин баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии таъминоти барқ ба истеъмолгарони ба шабакаҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайвастгардида мебошад.
Маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии Фонди иқлими сабз барои Лоиҳаи "Барномаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани таъсири он дар ҳавзаи баҳри Арал" дар ҳаҷми 9 млн доллари амрикоии грантӣ мебошад.
Маблағи мазкур бо мақсади таъмин намудани дастрасии минтақавӣ ба хизматрасонии босифат, инчунин афзоиш додани ҳаҷми сармоягузорӣ ба соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати баланд бардоштани устувории иқлим, коҳиш додани хатарҳо ва кам кардани таъсири онҳо ба афзоиши манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ равона карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала