Тошканд 47 низомии дигари афғонро ба ватанашон равон кард

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузаштан ба хазинаи аксВид на город Кабул в Афганистане
Вид на город Кабул в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Қаблан сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов гуфта буд, ки низомиёни афғон рӯзҳои охир чандин маротиба кӯшиши убури марзро карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон 47 марзбон, аз ҷумла маъмурони амниятии Афғонистонро, ки қаблан марзи Ӯзбекистон ва Афғонистонро убур карда буданд, ба ватанашон равон карданд.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон хабар додааст.
"Рӯзи 27 июн як гурӯҳи 44-нафараи сарбозони афғон сарҳади давлатии Ӯзбекистонро дар минтақаи ноҳияи Чортеппа убур карданд", - омадааст дар иттилоияи вазорат.
Ҳамчунин, як рӯз қабл аз ҳодисаи мазкур, 26 июн, дар ин қисмати марз се низомии афғон ба қаламрави Ӯзбекистон ворид шуданд. Ҳамаи онҳо ба ватан баргардонида шуданд.
"Чунин кӯшиши вуруди ғайриқонунӣ ба қаламрави Ӯзбекистон қатъиян пешгирӣ мешавад", - афзуд Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ҳукумати Ӯзбекистон ба таври қатъӣ изҳор менамояд, ки муносибатҳои анъанавии дӯстона ва ҳамсоягӣ бо Афғонистон, нигоҳ доштани бетарафӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии кишвари ҳамсояро риоя мекунад.
КПП Равот на границе Таджикистана и Узбекистана в городе Канибадам, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2021
Талоши афғонҳо барои ақибнишинӣ ба Ӯзбекистон: шарҳи сухангӯи президент
Қаблан Тошканд 53 марзбони Афғонистонро, ки рӯзи 23 июн марзи Ӯзбекистону Афғонистонро убур карданд, ба ватанашон баргардонданд.
Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон дар ин росто, аз афзоиши хушунат дар қаламрави Афғонистон изҳори нигаронӣ кард.
Ёдрас мешавем, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон, низ аз ҳамлаи мусаллаҳонаи ҳаракати "Толибон"* субҳи 27 июн ба мавзеи сарҳадбонони ҶИА воқеъ дар постгоҳи сарҳадии Чукчуки вулусволи Калдори вилояти Балхи Афғонистон хабар дод.
Низомиёни Афғонистон, ки дар пайи ҳамлаи аъзои созмони мамнӯъи Толибон ба қаламрави Тоҷикистон паноҳ бурдаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
КДАМ Тоҷикистон аз ҳамлаи "Толибон" ба постгоҳи марзӣ гуфт: "вазъ мураккаб"
Дар паи ин даргирӣ 17 хизматчии ҳарбии қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, тавассути ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳи 1-уми ОС 0305-и “Шаҳритус”, сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Тоҷикистон фирор намуданд.
Қаблан низ дар пайи ҳамлаи "Толибон" дар минтақаи Шерхон - бандар беш аз 100 низомии Афғонистон ба Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, ки баъдан ба Ватан баргардонда шуданд.
*созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала