Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Устод Ато Калдорро озод кард

© Дафтари матуботи Ато Муҳаммади НурАто Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Обуна шудан
Нерӯҳои марбут ба Ато Муҳаммади Нур ва ниҳодҳои мухталифи ҳукумати Афғонистон дар пайи як амалиёт вулусволии Калдорро озод карданд
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Қорӣ Қудратуллоҳ, ёвари Устод Ато Муҳаммади Нур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, амалиёти тасфиявӣ дар вулусволии Калдори вилояти Балх муваффақона ба фарҷом расид.
"Дар ин амалиёт Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломӣ, фармондеҳи пулис, раис амнияти миллӣ, фармондеҳи ливои сарҳадии Балх ва шуморе аз фармондеҳони маҳаллӣ ҳузур доштанд. Толибон*, ки ба ҳадаф ишғоли вулусволии Калдор ва шаҳри бандарии Ҳайратон ба ин минтақа ҳуҷум оварда буданд, бо шикасти сангине рӯбарӯ ва ба иловаи талафот, аз тамоми манотиқи вулусволии Калдор ақиб ронда шуданд", - гуфт Қорӣ Ҳурматуллоҳ.
Шаҳри Ҳайратон муҳимтарин нуқтаи тиҷоратӣ бо кишварҳои шимол - Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон ва ҳатто кишварҳои Аврупову Чин аст.
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2021
“Устод Ато миёнашро баст”: аввалин натиҷаҳо ва мушкилоти амалиёташ алайҳи Толибон дар Балх
Аз ин шаҳр танҳо роҳи оҳани Афғонистон ва як қисмати бузурги маводи тиҷоратии воридотӣ ба Афғонистон мегузарад. Толибон* то ба ҳол 6 вулусволӣ аз 15 вулусволии Балхро забт кардаанд. Тасфияи дигар манотиқи вилояти Балх низ ҳамчунон идома дорад.
Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх ва яке аз чеҳраҳои маъруфи муҷоҳидини Афғонистон дар ҳоле вориди майдони ҷангҳои Шимоли Афғонистон мешавад, ки даҳҳо вулусволии вилоёти шимолӣ, аз ҷумла шаш вулусволии вилояти Балх аз сӯи Толибон* забт шудаанд.
Ӯ чанд рӯзи қабл аз шаҳри Дубайи Аморати муттаҳидаи араб, ки он ҷо барои табобат рафта буд, дар пайи вахим шудани авзоъ, бахусус, вақте Толибон* дар пушти дарвозаи ғарбии шаҳри Мазори Шариф пайдо шуданд, тадовиашро қатъ карда баргашт. Вилояти Балх пойгоҳи асосии Ато Муҳаммади Нур ва худаш пурнуфузтарин чеҳраи ин вилоят ва вилоёти атрофи он ба ҳисоб меравад.
* созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия
Лентаи хабарҳо
0