Варзишгаре, ки танҳо як сол Тоҷикистонро намояндагӣ кард, роҳхат ба Бозиҳои Токио гирифт

© REUTERS / Kim Kyung-HoonОлимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония
Олимпийский огонь во время эстафеты Олимпийского огня в Токио-2020 в префектуре Фукусима, Япония - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2021
Барои роҳхат гирифтан ба Бозиҳои олимпии Токио - 2020 ду нафар дар риштаи варзиши сабук пешбарӣ шуданд ва Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ Илдар Аҳмадиевро интихоб кард
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Исми як варзишгари дигар, ки аз номи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио - 2020 баромад мекунад, маълум гардид.
Ин варзишгар Илдар Аҳамадиев мебошад, ки номзадии ӯро Созмони варзиши сабуки ҷаҳонӣ пазируфт.
Хабаргузории "Ховар" менависад, Аҳмадиев маҳз тавассути саҳмияи универсалии ин созмон ба олимпиада роҳ ёфт.
Барои ба даст овардани ин роҳхат номи Илдар Аҳмадиев ва Григорий Дерепаскин пешниҳод шуда буд, ки аввалӣ ин имкониятро ба даст овард.
Мавриди зикр аст, ки Илдар Аҳмадиев танҳо соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Ӯзбекистону Қазоқистон ширкат карда, натиҷаҳои хуб нишон дод.
Таджикские борцы, которые поедут на Олимпиаду в Токио 2021  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2021
Сомону Акмал ва Темуру Комроншоҳ: намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Токио -2020
Ӯ дар Чемпионати кушоди Ӯзбекистон, ки 28-29 майи соли равон, дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дар масофаи 100 метр медали тилло, дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали биринҷӣ ва дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Косанов дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон баръакс дар ҷаҳиш ба дарозӣ медали тилло, дар масофаи 100 метр медали биринҷӣ ба даст овард.
Ҳамин тариқ, ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба 8 нафар расид. Қаблан Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев (ҳар ду бокс), Гулсумбӣ Шарифова (варзиши сабук), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов (ҷудо) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат ба даст оварда буданд.
Ёдовар мешавем, ки бозиҳои олимпии Токио-2020 бо таъхири яксола аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала